Манъи муҳоҷирони дорои доғи судӣ аз фаъолият дар таксиронӣ

Думаи Русия лоиҳаи қонунеро дар таҳрири дувум қабул кард ва из ин пас шаҳрвандони дорои собиқаи ҷиноии тозанашуда ҳаққи таксиронӣ надоранд

Думаи давлатии Федератсияи Русия лоиҳаи қонунеро дар таҳрири дувум қабул кард, ки бар асоси он, шаҳрвандони дорои собиқаи ҷиноии тозанашуда ҳаққи таксиронӣ нахоҳанд дошт.

Дар Русия муҳоҷиронеро, ки доғи судии тозанашуда доранд, аз ҳаққи мусофиркашонӣ маҳрум месозанд ва ҳамчунин дигар ба ҳайси ронандаи таксӣ ба кор қабул намешаванд.

Дар лоиҳаи қонун чунин омадааст: “Ташаббус ҳам ба русҳо ва ҳам ба муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла ба кишварҳои Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё – Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон дахл дорад”.

Дар лоиҳаи қонун маҳдудиятҳо барои кишварҳои дигар зикр нашудааст, зеро шаҳрвандони онҳо, ки доғи судӣ доранд, умуман дар Русия патент ё иҷозатномаи кор гирифта наметавонанд.

Шаҳрвандоне, ки қасди интиқоли мусофирон ва бағоҷи онҳоро доранд, ки бинобар доғи судӣ доштан ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта намешаванд.

Дар лоиҳа ду категория маҳдудият пешбинӣ шудааст. Аввалӣ ба манъи ронандагии нақлиёти ҷамъиятии заминӣ дахл дорад. Он ба автобусҳо, троллейбусҳо, трамвайҳо ва микроавтобусҳо таъсир мерасонад.

Шахсоне, ки барои ҷиноятҳои зидди амнияти ҷамъиятӣ, асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, инчунин зидди сулҳу амнияти башарият доғи судии барнадошта доранд, ба кор дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва таксиронӣ қабул карда намешаванд.

Барои категорияи дуюм, яъне ронандагони таксӣ, рӯйхати шабеҳи ҷиноятҳо низ татбиқ мешавад. Аммо дар баробари ин, он ҷиноятҳо, аз қабили куштор, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, одамрабоӣ, ғоратгарӣ, ҷиноятҳо бар зидди дахлнопазирии ҷинсӣ ва озодии шахсиро дар бар хоҳад гирифт.

Илова бар ин акнун манъи кор ба ҳайси ронандаи таксӣ ба шаҳрвандоне низ дахл хоҳад кард, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнини миёна доғи судӣ доранд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад