Гузоришҳо бар асоси ҳақоиқи мавҷуд дар Афғонистон таҳия шавад

Вазири хориҷаи Толибон дар дидори гузоришгари вижаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, аз вай хост гузориши худро бар асоси ҳақоиқ мавҷуд дар Афғонистон танзим кунад.

 

Вазири хориҷаи Толибон дар дидори гузоришгари вижаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, аз вай хост гузориши худро бар асоси ҳақоиқ мавҷуд дар Афғонистон танзим кунад.

Ба гузориши хабарнигори сайти Афғонистон, “Ричард Бенет”, гузоришгари вижаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон дар аввалин сафари расмӣ ба Кобул бо Мавлави Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷаи Толибон дидор ва гуфтугӯ кард.

Бар асоси гузориши вазорати хориҷаи Толибон, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид, дар ин дидор аҳдофи сафар ва барномаи кории худро ба Мавлави Амирхон Муттақӣ, тавзеҳ дод.

Вазири хориҷаи гуруҳи Толибон дар ин дидор аз Ричард Бенет хост то гузориши худро бар асоси ҳақоиқи мавҷуд дар Афғонистон на фақат бар асоси гузориши расонаҳои мухолифони ин гурӯҳ танзим кунад.

Мавлави Амирхон Муттақӣ, ҳамчунин дар ин дидор дар бораи арзишҳои мазҳабӣ ва мардуми Афғонистон ба гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид тавзеҳоти дод то дар таҳияи гузориш ва анҷоми таҳқиқот ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ дошта бошанд.

Вазорати хориҷаи гуруҳи Толибон эълом кард, ки Ричард Бенет аз Мавлави Амирхон Муттақӣ, ба хотири ба иштирок гузоштани иттилооти муҳим дар мавриди «таҳаввулоти мусбат, вазъияти кунунӣ, ҳуқуқи башар ва ҷомеаи Афғонистон қадрдонӣ карда ва гуфта аст, ки гузориши худро бар асоси воқеиятҳо таҳия хоҳад кард».

Ричард Бенет, ҳудуди ду моҳ пеш аз сӯи шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид ба ин симат мансуб шуд. Ҳадаф аз интисоби ӯ назорат, арзёбӣ ва мустанадсозии вазъияти ҳуқуқи башар дар Афғонистон эълом шуда аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад