То замоне, ки лозим бошад ба Украина кӯмаки низомӣ мекунем

Вазорати хориҷаи "Олмон", бо ишора ба тавофуқи кишварҳои узви НАТО барои кӯмак ба Украина, гуфт то замоне, ки лозим бошад ин ҳимояти низомӣ идома меёбад.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, алорағми ҳушдорҳои Русия ба кишварҳои Аврупоӣ ва Амрико дар хсуси афзоиши кӯмакҳои низомӣ ба Украина, Берлин, аммо бар тадовуми ин ҳимоятҳо таъкид кард.

“Анална Байрбок”, вазири умури хориҷаи Олмон асри якшанбе гуфт, кишварҳои НАТО омодаи ироаи кӯмаки низомӣ ба Украина ҷиҳати дафъи таҳоҷуми Русия то замоне, ки лозим бошад, ҳастанд.

Ба навиштаи хабаргузории “Руйтерз”, Анална Байрбок, тайи нишасти НАТО дар Берлин тавзеҳ дод: «мо мувофиқем, ки то замоне, ки Украина барои дифоъ аз кишвараш ба ин ҳимоят ниёз дорад, набояд аз талошҳои миллимон, ба вижа дар заминаи ҳимояти низомӣ даст бикашем».

“Йенс Столтенберг”, дабири кулли НАТО низ дар ин нишаст изҳор дошт: «Украина метавонад дар ин ҷанг пирӯз шавад. Украиниҳо шуҷоъона аз меҳани худ дифоъ мекунанд».

Бар асоси ин гузориш, “Йенс Столтенберг”, ҳамчунин афзуд, ки эътилофи НАТО ба думболи ироаи замонатҳои амнияти муваққат ба Украина дар ҳини расидагӣ ба дархостҳои ин кишвар, аз ҷумла афзоиши эҳтимолии неруҳо дар минтақаи шарқи Аврупо аст.

Пеш аз ин, “Олаф Шултс”, садриаъзами Олмон рӯзи ҷумъа дар тамоси телефонӣ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, хостори оташбас дар Украина шуда буд.

Вузарои умури хориҷаи 30 кишвари узви НАТО музокиротеро ду рӯзи ахири ҳафта (шанбе-якшанбе) дар Берлин баргузор карданд, ки тамаркузи он бар дархости узвияти ду кишвар шимоли Аврупо буд. Дархости расмии онҳо барои пайвастан ба НАТО зарфи чанд рӯзи оянда интизор меравад.

Русия дар таърихи 24 феврал эълом кард ба дархости кӯмаки ҷумҳуриҳои Луганск ва Донетск барои дифоъ дар муқобили ҳамалоти Украина, амалиёти низомии худро дар ин кишвар оғоз мекунад ва ҳадафи онро муҳофизат аз афроде унвон кард, ки барои муддати ҳашт сол дар маърази зургӯӣ ва наслкшии режими Киев будаанд. Онтавр, ки Путин гуфт ҳадаф халъи силоҳ ва нозизудоӣ Украина аст ва мехоҳад тамоми муҷримони ҷангӣ масъули иртикоби ҷароими хунин алайҳи ғайринизомёни Донбассро муҳокима кунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад