Гулбиддин Ҳикматёр Тоҷикистонро таҳдид кард

Гулбиддин Ҳикматёр, муассис ва раиси Ҳизби исломии Афғонистон, собиқ сарвазири ин кишвар ва яке аз қумондонҳои қадими афғон гуфт, ки дар посух ба амалкардҳои Душанбе, Толибон метавонад ба мухолифини мусаллаҳи тоҷик паноҳгоҳ диҳад.

Гулбиддин Ҳикматёр, муассис ва раиси Ҳизби исломии Афғонистон, собиқ сарвазири ин кишвар ва яке аз қумондонҳои қадими афғон гуфт, ки дар посух ба амалкардҳои Душанбе, Толибон метавонад ба мухолифини мусаллаҳи тоҷик паноҳгоҳ диҳад.

Ба гуфтаи Ҳикматёр паноҳ додани Тоҷикистон ба мухолифини Толибон эълони ҷанг бо Афғонистон аст.

Вай гуфт :

“Оё медонед маънои паноҳ додан ба мухолифини кишвари ҳамсоя чист? Маънои ин ҷузъ эълони ҷанг ба ҳамсоя ҳеҷ чизи дигаре буда наметавонад” .

Раиси Ҳизби исломии Афғонистон дар идома тасреҳ кард: “Шумо мухолифини мусаллаҳи кишвари ҳамсояро паноҳ додед, ҳимоят мекунед. Ва ҳатто пойгоҳ дар ихтиёрашон гузошта шуд, таҳти омӯзиш гирифта шуданд. Ва мутаассифона Душанбе бо тамоми вақоҳат эълон мекунад, ки гӯё мудофеъи сарсахти инҳоянд ва дар ҳукумат ҳам саҳми кам аз кам 40 дарсадро мехоҳанд. Яқинан ин эълони ҷанг алайҳи Афғонистон аст”.

Ҳикматёр таҳдид кард “паёмади ин мавзеъгириҳо ҳам ҷузъ ин нахоҳад буд, ки дар баробари ин иқдоми хасмона… Афғонистон ҳам тасмим бигирад, ки ба мухолифини мусаллаҳи Тоҷикистон паноҳ дода шавад. Ва агар аҳёнан ин кор шуд, Тоҷикистони заъиф, кӯчак, шикананда бо чӣ сарнавиште рӯбарӯ хоҳад шуд? Ҳазорон на, балки 2-3 ҳазор нафар ҳам кофист, ки агар дар Афғонистон паноҳгоҳе биёбанд, барои Душанбе душвор бошад, ки битавонад вазъиятро маҳор кунад.”

Иддаъои Ҳикматёр дар ҳолест, ки қаблан Андрей Серенко, таҳлилгари рус, бо бо такя ба манбааш бо номи “Умар”, ки худро намояндаи ҷиноҳи низомии мухолифини тоҷик гуфтааст, навишта буд  мухолифони тоҷик қасд доранд, барои расидан ба ҳадафи худ, яъне сарнагун кардани режими Эмомалӣ Раҳмон на танҳо шеваҳои сиёсӣ, балки низомиро низ истифода баранд.

Манбаъи Серенко гуфтааст “тасмим дар бораи гузаштан ба усулҳои ҳарбӣ рӯзи 4-май аз ҷониби гурӯҳе аз ҷонибдорони мухолифин, ки бефоида ва нокифоя будани усулҳои танҳо сиёсии муборизаро дарк мекунанд, гирифта шуд”.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон низ хабари таъсиси ҷиноҳи низомӣ аз чониби мухолифино тасдиқ ё рад накард, аммо гуфт “баъди ҳодисаҳои Укроин ҷаҳон тағйир кард” ва байни тоҷикон ҳам ин суолгузориҳо зиёд шудаааст, ки «чаро русҳо ва украиниҳо аз силоҳ барои расидан ба озодӣ, каромат ва шарофати инсонии худ истифода баранду тоҷик ҳаққи истифодаи онро надошта бошад?”

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад