Ҷойгоҳи Тоҷикистон дар радабандии озодии баён

Созмони Хабарнигорони бидуни марз (Reporters Without Borders) гузориши нави худро дар мавриди озодии баён дар соли 2022 дар тамом ҷаҳон нашр кардааст, ки Тоҷикистон ҷойгоҳи худро даҳ зина беҳтар карда, аз мақоми 162 – юм ба 152 расидааст.

Созмони Хабарнигорони бидуни марз (Reporters Without Borders) гузориши нави худро дар мавриди озодии баён дар соли 2022 дар тамом ҷаҳон нашр кардааст, ки Тоҷикистон ҷойгоҳи худро даҳ зина беҳтар карда, аз мақоми 162 – юм ба 152 расидааст.

Бар асоси гузориши ин созмон, Тоҷикистон ҳарчанд аз қатори давлатҳои мавриди нигаронии ҷиддӣ берун омад, вале ҳамоно дар қатори кишварҳои вазъашон душвор қарор дорад.

Дар баробари Тоҷикистон, мавқеи Ӯзбекистон ва Қазоқистону Қирғизистон низ дар ин рӯйхат беҳтар шуда, Ӯзбекистон аз мақоми 157- уми соли гузашта ба зинаи 133 фаромадааст. Қазоқистон ҳам аз зинаи 155 соли гузашта ба мақоми 122 фаромадааст.

Ба навиштаи Хабарнигорони бидуни марз дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон озодии баён беҳтар аст ва ин кишвар аз мақоми 79-уми соли гузашта ба зинаи 72-юм расидааст.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Созмони Хабарнигорони бидуни марз аз мақомоти Тоҷикистон даъват мекунад, ки Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода зиндонии сиёсӣро афв кунанд.

Хабарнигорони бидуни марз (RSF) аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунад, ки Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, рӯзноманигор ва узви зиндонии Ҳизби мамнӯи Ҳаракати исломиро афв кунад.

Дар баёнияи ин созмон омадааст, ки Сайфуллоҳзода аз соли 2015 дар зиндон аст ва ҷони ӯ дар хатар аст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 30 -умин солгарди истиқлоли кишвар лоиҳаи қонунро ба парлумон фиристод ва парлумони Тоҷикистон пас аз баррасии он лоиҳаи қонунро тасдиқ кард.

Гуфта мешавад, ки ин қонун 16 ҳазор зиндониро дар бар мегирад.

Жан Кавилли, мудири бахши Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Гузоришгарони Бидуни Марз, гуфт: “Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода бо ҷурми сиёсӣ боздошт шуд ва даҳ соли дигар дар зиндон хоҳад буд.”

Вай афзуд: “Сайфуллоҳзода ҳоло барои Тоҷикистон хатаре надорад.”

Ҳекматуллоҳ Сайфуллоҳзода моҳи апрели соли равон ба беморхонаи маҳбас бистарӣ шуд ва дар пайи бад шудани вазъи ҷисмонӣ ҷарроҳӣ шуд.

Вай барои нақшаш дар ҳаводиси сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон боздошт ва ба 16 соли зиндон маҳкум шуд.

Он сол мақомоти Тоҷикистон Абдулҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини пешини вазири дифоъро дар ташкили ошӯбҳо, тарҳрезӣ ва маблағгузории ҳизби мамнӯи Ҳаракати исломӣ маҳкум карданд.

Ҳекматуллоҳ Сайфуллоҳзода 70 сол дорад

Аммо пайвандони онҳое, ки бо ангезаҳои сиёсӣ паси панҷара нишастаанд, танҳо ба эҳтимоли кам шудани муҳлати ҳабси онҳо чашмдоранд.

Мақомот ба таври мушаххас нагуфтаанд, ки оё мухолифони сиёсии зиндонияшон шомили афв хоҳанд шуд ё не.

Ҳуриннисо Исҳоқова, модари вакили мудофеи зиндонӣ, Бузургмеҳр Ёров, гуфт, бесаброна мунтазири он аст, ки қонуни нави афв нисбат ба писараш чӣ гуна татбиқ мешавад. Аммо бо таваҷҷуҳ ба афви гузашта тахмин мезанад, ки мумкин аст, муҳлати ҷазои ӯро камтар кунанд.

Ҳуриннисо Исҳоқова гуфт :

“Ҳар замон телевизорро мемонам, ё радио гӯш мекунам. Мехоҳам, фаҳмам, ки чӣ мешавад. Писарам занг зада буд ва гуфт, ки чаҳор солу даҳ рӯзи маро кам мекунанд. Писарам худаш қонундон аст, ҳамин хел ҳисоб кардааст”.

Ёровро бо ҷурми қаллобӣ, сохтакорӣ, таҳқири намояндаи ҳокимият ва беэҳтиромӣ нисбат ба додрас ба 28 сол зиндон маҳкум кардаанд, вале ӯ худро бегуноҳ ва иттиҳомҳоро сохтаву беасос медонад. Бар асоси қонуни афви гузашта муҳлати ҷазои ӯ шашуним сол кам шуд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад