Кохи Сафед: Аз узвияти ҳар кишваре дар НАТО истиқбол мекунем

Сухангӯи Кохи Сафед, бо иддаои инки даргириҳо дар Украина ҷанги нёбтии НАТО бо Русия нест, гуфт мавзеи Амрико дар адами эъзоми неру ба Киев сабот аст.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, алорағми ҳушдори Русия дар бораи густариши Созмони Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) ва тавофуқи қадими Вашингтон бо Маскав дар ин хусус, Амрико, аммо аз пайвастани кишварҳои бештар ба НАТО ҳимоят кард.

“Ҷенифер Саки”, сухангӯи Кохи Сафед шомгоҳи душанбе гуфт, Вашингтон пазирои ҳар кишваре аст, ки бихоҳад узви НАТО бишавад.

Ба навиштаи расонаҳои амрикоӣ, Ҷенифер Саки, тайи нишасти хабарии рӯзонаи дар Кохи Сафед гуфт: «мавзеи раиси ҷумҳур [Ҷо] Байден мабни бар адами эъзоми неруҳои Амрикоӣ ба Украина собит аст».

Вай дар вокуниш ба изҳороти Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия мабни бар ҷанги нёбтии ғарб бо ин кишвар дар Украина, муддаӣ шуд: «ҷанги кунунӣ ба сурати нёбти нест, балки байни Русия ва Украина аст ва НАТО дар он дахолате надорад».

Сухангӯи Кохи Сафед тавзеҳ дод: «раиси ҷумҳур Байдан аз сиёсати дарҳои боз барои кишварҳое, ки моил ба пайвастан ба НАТО ҳастанд, ҳимоят мекунад. Мо аз ҳар тасмиме, ки Финляндия дар мавриди дархости узвият дар НАТО иттихоз мекунад, ҳимоят мекунем».

Бар асоси ин гузориш, Ҷенифер Саки дар бораи ҳимоятҳои низомии Амрико аз давлати Киев низ изҳор дошт: «неруҳои Украина ба таври муассир аз мушакҳои Ҷавлин истифода карданд ва дар набарди Киев ба пирӯзӣ расиданд».

Вай ҳамчунин афзуд: «мо беш аз 5500 мушак Ҷавлин ба Украина фиристодаем то аз муборизаи ин кишвар барои озодӣ ҳимоят кунем».

Пеш аз ин, бахши иттилооти вазорати дифоъи Англис бо иддаои нобудии 16 дарсад аз неруи заминии Русия дар ҷанги Украина, муддаӣ шуд эҳтимолан солҳо тӯл хоҳад кашид то Маскав дубора ин неруҳоро ташкил диҳад.

Русия аз рӯзи 24 феврал дастури ҳамлаи низомӣ ба Украинаро содир кард. Ин таҳаввул чанд рӯз баъд аз он рух дод, ки Маскав расман истиқлоли ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганск, дар шарқи Украинаро ба расмият шинохт. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ҳадаф аз амалиёти низомии кишваршро «ғайринизоми кардани Украина» ва «нозизудоӣ» аз ин кишвар эълом кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад