Муздурони исроилӣ дар ҳоли ҷанг дар канори Украиниҳо ҳастанд

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, «муздурон исроилӣ» шона ба шонаи шибҳинизомёни украинӣ дар ҳоли ҷанг ҳастанд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Мария Захарова”, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия рӯзи чаҳоршанбе гуфт, «муздурони Исроил» дар ҷанги Украина ҳузур доранд.

Ба навиштаи хабаргузории “РИА Новости” ин дипломати рус дар мусоҳибае гуфт, дар Украина, дар канори ягонҳои “Азоф”, «муздурони аз Исроил» дар ҳоли ҷангидан ҳастанд.

Захарова афзуд: «сиёсатмадорони мутааддиде, ки акнун дар ҳоли дамидан дар корзори иттилооте ҳастанд, баид аст бихоҳанд ин ҳарфҳоро бишинаванд».

Ӯ дар идомаи изҳорташ гуфт: «шояд барои онҳо ҷолиб бошад, ки бишинаванд дар Украина дар воқеъ муздурони Исроил шона ба шонаи шибҳинизомёни Азоф дар ҳоли ҷангидан ҳастанд».

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия гуфт: «Исроил наметавонд бехабар бошад. Филм ва мӯҳтавои марбут ба онро мушоҳида кардаам».

Ҳамзамон бо тадовуми даргириҳо миёни Украина ва Русия, ихтилофот миёни Маскав ва Телавив низ боло гирифта ва ба таниши лафзӣ ва эҳзори сафир расидааст.

Режими саҳюнистӣ рӯзи душанбе, бо интиқоди шадид аз “Сергей Лавров”, вазири умури хориҷаи Русия эълом кард, ки изҳороти вай дар хусуси ҳимояти саҳюнистҳо аз неонозиҳои Украина, замоне, ки дар бораи “Владимир Зеленскӣ” раиси ҷумҳури Украина бо асолати яҳудӣ сӯҳбат мекард, як иштибоҳи «ғайриқобили бахшиш аст» , ки «ваҳшати  Холокости нозиҳо»-ро нодида мегирад.

Вазорати хориҷаи Русия дар баёнияе эълом кард, ки изҳороти “Яир Лапид” вазири хориҷаи режими саҳюнистӣ «зидди таръихӣ» аст ва «то ҳадде зиёде, далели ҳимояти давлати феълии Исроил аз режими неонизм дар Киев»-ро тавзеҳ медиҳад».

Маскав ба нуктаи Лавров ишора кард, мабни бар инки аслияти яҳуди будани Зеленскӣ монеъ аз идораи Украина тавассути неонозиҳо намешавад.

Лавров рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи Италияӣ “Мдиёст” дар посух ба ин савол, ки ба чӣ далел дар ҳоле, ки Зеленскӣ худ як яҳудӣ аст, Русия мегӯяд лозим ба «нозиздоӣ» Украина аст, гуфт, ки Гитлер низ асолати яҳудӣ дошта аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад