Вазири хориҷаи Шветсия табаоти узвияти Финляндия ва кишвараш дар НАТО-ро эълом кард

Вазири хориҷаи Шветсия бо ишора ба эҳтимоли бисёр болои дархости Финляндия барои узвият дар эътилофи низомии НАТО, эълом кард, ки узвияти ин кишвар ё ҳатто Шветсия дар паймони ёдшуда муҷиби афзоиши танишҳо хоҳад шуд.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Руйтерз”, “”Ан Линд””, вазири хориҷаи Шветсия дар гуфтугӯ бо телевизиони ин кишвар эълом кард, ки Финляндия тақрибан ба таври қатъ дархости узвият дар НАТО хоҳад кард.

“Ан Линд”, дар ин бора гуфт: мо кам ва беш медонем, ки онҳо (Финляндия) барои узвият дар НАТО дархости хоҳанд дод ва ин масъала кулли тавозунро тағйир медиҳад. Агар яке аз кишварҳои мо ба ин эътилофи бипайвандад, медонем, ки танишҳо афзоиш меёбад.

Вазири хориҷаи Шветсия дар посух ба пурсише мабни бар инки оё ба гумони вай Финляндия ба узвияти НАТО дар хоҳад омад ё хайр, гуфт: гумон кунам ин масъаларо бишавад мутмаиннан таъйид кард.

Интизор меравад ҳар ду кишвари Шветсия ва Финляндия дар мавриди пайвастан ба эътилофи низомии НАТО дар ҳафтаҳои оянда тасмим бигиранд.

“Пака Хависта”, вазири хориҷаи Финляндия низ рӯзи ҷумъа эълом кард, ки умедвор аст Финляндия ва Шветсия ҳамзамон тасмимоти мушобеҳи бигиранд.

Ҳамчунин “Йенс Столтенберг”, дабири кулли Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) низ пештар эълом карда буд дар сурате, ки Финляндия ва Шветсия тасмим ба дархост барои узвият дар НАТО бигиранд, раванди илҳоқ ба суръат пеш хоҳад рафт ва иқдомоти муваққат то замоне, ки ба узвияти расмии НАТО дароянд, эъмол хоҳад шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки Русия нисбат ба узвияти ду кишвари ёдшуда дар паймони низомии мазкур ҳушдор дода аст.

“Дмитрий Медведов”, ноиб раиси шӯрои амнияти миллии Русия дар ин робита гуфта буд: ба ин тартиб, шумори душманони расмии Русия бештар шуда ва табиатан маҷбур ба тақвияти марзҳои худ хоҳем буд.

Финляндия ба танҳоӣ 1340 километр марзи заминӣ бо Русия дорад.

Ҳамчунин лозим ба зикр аст, ки яке аз далоили умдаи даргириҳои кунунӣ дар Украина, мутааҳҳид набудани НАТО ба адами густариш ба самти шарқи Аврупо ва саъй дар ҷазб кардани Украина дар ин эътилоф буда аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад