Маблағи хариди сарбози дар Тоҷикистон куҷо мешавад ?

Раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон тарзи харҷ кардани маблағи наздик ба 27 ҳазор сомониро, ки барои дарёфти дафтарчаи маъофият аз хизмати ҳарби пардохт мешавад эълом кард.

Раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон тарзи харҷ кардани маблағи наздик ба 27 ҳазор сомониро, ки барои дарёфти дафтарчаи маъофият аз хизмати ҳарби пардохт мешавад эълом кард.

Ба гузориши манбаъ :

Эмомалӣ Собирзода гуфта аст, ки ин маблағ барои беҳбуди шароити маъишатии зарбозон, таъмини либос ва ғизои онҳо ва сохти таъсисоти низомӣ дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон харҷ хоҳад шуд.

Аз аввали моҳи апрели соли ҷорӣ даъвати ҷавонон барои хизмати ҳарби дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз шуд, ки акнун бар асоси қонини ҷадид хоҳишмандон метавонанд бо пардохти маблағи 26 ҳазору 880 сомонӣ, дафтарчаи маъофият дарёфт кунанд.

Ин афрод бо пардохт намудани ин маблағ ба ҳисоби Вазорати дифоъи Тоҷикистон пас аз омӯзишҳои як моҳаи низомӣ ба унвони сарбози захираи нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дафтарчаи хариди хизмати ҳарбиро дарёфт мекунанд.

Афроди маъоф аз хизмат наметавонанд дар оянда дар ниҳодҳои интизомӣ ва дифоъӣ ва додгустари истихдом шаванд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Бо оғози фасли баҳор ва даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон маблағи хариди хизмати сарбозӣ аз 25 ҳазору 200 сомонӣ ба 28 ҳазору 800 сомонӣ афзоиш ёфт.

Аз аввали моҳи апрели соли ҷорӣ даъвати ҷавонон барои хизмат дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз мешавад, ки акнун бар асоси қонуни ҷадид хоҳишмандон метавонанд бо пардохти маблағи 28 ҳазору 800 сомонӣ дафтарчаи маъофиятро дарёфт кунанд.

Ин афрод бо пардохт намудани ин маблағ ба ҳисоби Вазорати дифоъи Тоҷикистон пас аз омӯзишҳои як моҳаи низомӣ ба унвони сарбозони захираи нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дафтарчаи хизмати сарбозӣ дарёфт мекунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2021 дар Тоҷикистон танҳо 450 нафар бо пардохти маблағи 11 миллиону 300 ҳазор сомонӣ дафтарчаи маъофият дарёфт карданд.

Афроди маъоф аз хизмат наметавонанд дар оянда дар ниҳодҳои полис, дифоъӣ ва адлия истихдом шаванд.

Ҳамчунин дар хабарҳо омада буд :

Бино ба қарори нави ҳукумати Тоҷикистон, нархи ин навъи хидмати сарбозӣ 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда 60 сомонӣ) аст, ки ба 25 ҳазору 200 сомонӣ баробар мебошад.

Дар ин бора пойгоҳи Your.tj рӯзи 16-уми август хабар дода, навишт, қарори ҳукуматро Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 30-юми июл имзо карда буд, вале он нав дастраси расонаҳо шуд.

Тоҷикистон қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ”-ро дар поёни моҳи январи имсол ислоҳ кард ва мувофиқи он мафҳуми хидмати алтернативӣ ҷорӣ шуд.

Бино бар он, ҳар сол то даҳ дарсади ҷавонони синни хидмат ба артиш ҷалб шуда, онҳое, ки намехоҳанд, хидмат кунанд, бо пардохти маблағ ва тамрини якмоҳа соҳиби билети ҳарбӣ хоҳанд шуд. Шумори ҷавононе, ки хидмати алтернативиро метавонанд сипарӣ кунанд, ҳар сол аз тарафи ҳукумат муайян мегардад.

Ҷавононе, ки пули хидмати алтернативиро пардохтаанд, вале дар мавсими даъват ба артишбарояшон ҷой намерасад, дар мавсими дигар онҳоро ба  хидмати якмоҳа мегиранд. То он замон нафароне, ки пули хидмати алтернативиро падохтаанд, ба артиш бурда намешаванд.

Бино бар тағйироти воридшуда ба қонуни сарбозӣ, ҷавононе, ки кафедраҳои низомиро хатм мекунанд, танҳо пас аз 12 моҳи хидмат дар артиш соҳиби рутбаи афсари эҳтиётӣ хоҳанд шуд. Дар гузашта хатмкардаҳои донишгоҳҳое, ки дорои кафедраҳои ҳарбӣ буданд, бо иштирок дар давраҳои 40-рӯза соҳиби билети ҳарбӣ шуда, рутба мегирифтанд.

Минбаъд танҳо шахсоне ба мақомоти прокуратура, суд, мубориза бо коррупсия, гумрук ва Хадамоти иҷро ба кор қабул карда мешаванд, ки хидмати ҳарбӣ кардаанд.

Мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиши Тоҷикистон солҳо боз нигарон кунандааст. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хизмат дар артиши Тоҷикистон мебошанд.

Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд, дар ин давра даҳҳо ҳолати бо зӯр ё “облава” бурдани ҷавонон ба артиш расонаӣ мешавад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад