Берлин барои лағви таҳримҳо алайҳи Маскав шарт гузошт

Вазири хориҷаи Олмон эълом кард, ки агар Русия хоҳони лағви таҳримҳои худ аст, бояд ба думболи хурӯҷи неруҳояш аз Украина бошад.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Алҷазира”, “Анналена Бербок”, вазири хориҷаи Олмон имрӯз якшанбе лағви таҳримҳои вазъ шуда алайҳи Русияро машрут ба барқарории оташбас дар Украина эълом кард.

Вазири хориҷаи Олмон дар ин хусус иддао кард, ки таҳримҳо алайҳи Русия танҳо дар сурати хурӯҷи неруҳои ин кишвар аз Украина лағв мешавад.

Вазири хориҷаи Олмон дар идома, оташбас дар Украинаро аввалин гом дар масири лағви таҳримҳои Русия донист.

Анналена Бербок, ҳамчунин бо таъкид бар инки ҷанги Украина сулҳ ва сабот дар Аврупоро ба тарзи ҷуброн нопазире мутаассир сохта аст, афзуд: амнияти Украина ё Аврупо дар чорчуби сулҳ машрут аз сӯи Русия имкон пазир нахоҳад буд.

Ин мақоми Олмонӣ дархсуси хатари вуқӯъи ҷанги дигар дар Аврупо ҳушдор дод.

Аз ибтидои март ва оғози амалиёти низомии вижам Русия дар Украина, Иттиҳодия Аврупо 5 бастаи таҳримиро алайҳи Маскав тасвиб кард ва бастаи шашумиро ҳам дар дасти баррасӣ дорад. Ин таҳримҳо, ки бахшҳои мухталифи иқтисоди Русияро ҳадаф қарор медиҳанд, аз сӯи Маскав ғайриқонунӣ ва ғайри муввҷаҳ талаққӣ мешаванд.

Ёдовар мешавад, ки дар 24 феврал, Русия дар посух ба дархости кӯмак аз сӯи ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганск (ҷудои талабони шарқи Украина), амалиёти низомии худро дар Украина оғоз кард. Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия таъкид кард, ки «ғайри низомисозӣ ва нозӣ зудоӣ» аз аҳдофи калидии ин амалиёт аст. Маскав борҳо таъкид карда, ки ҳеҷ барномае барои ишғоли Украина надорад ва таъкид мекунад, ки неруҳои мусаллаҳи Русия фақат зерсохтҳои низомии Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд. Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш, аз ҷумла Ҷопон, бо эъмоли таҳримҳои ҷомеъ алайҳи Русия ба иқдоми Маскав вокуниш нишон доданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад