Аврупо бидуни гази Русия замистони сахте дар пеш дорад

Як нашрияи олмонӣ ба истиноди гузоришҳои таҳқиқотӣ навишт: дар сурати қатъи гази Русия, Аврупо замистони имсол барои таъмини сӯхти худ бо мушкил мувоҷеҳ хоҳад шуд.

 

Як нашрияи олмонӣ ба истиноди гузоришҳои таҳқиқотӣ навишт: дар сурати қатъи гази Русия, Аврупо замистони имсол барои таъмини сӯхти худ бо мушкил мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Спутаник”, бино ба изъони як расонаи олмонӣ, Аврупо бидуни таъмини гази худ аз сӯи Русия, қодир ба такмили захоири сӯхти замистонии худ нест.

Нашрияи олмонии “Шпигел”, ба истиноди натоиҷи як муассисаи таҳқиқотии пешрав дар Олмон гузориш дод, ки бидуни таъмини газ аз сӯи Русия, Иттиҳодия Аврупо наметавонд ба таври ҳамзамон таъсисоти захира созии гази зерзаминии аъзоро барои фарорасидани замистони оянда пур кунад.

Бино бар муҳосиботи маркази таҳлили системҳои фаннӣ- иқтисодии ин муассиса, Аврупо бояд имсол беш аз 300 тароват соат газ сарфаҷӯӣ кунад то пеш аз расидани замистон, маконҳои захирасозии газ то сатҳи эманӣ пур шаванд.

Шпигел таъкид кард, ки ин як фарзияи бисёр хуш бинона аст, ки воридоти гази табиӣ мойеъ (lng) ва гази хатти лӯла аз кишварҳои дигар метавонад ба таври қобили таваҷҷӯҳе афзоиш ёбд.

Бино ба навишта ин нашрияи олмонӣ, маҷмӯъи сарфа ҷӯиаҳои мавриди ниёз барои гузарондани замистони имсол, муодил як севуми масрафи солонаи гази нерӯгоҳҳои санъатии Иттиҳодияи Аврупо дар Олмон ва беш аз ними аз ҳаддиаксар зарфияти солонаи Нурд Естрими 2 аст. Хатти лӯлаи гази 55 миллиард метри мукаъабе, ки соли гузашта такмил шуд, аммо ба далели буҳрон дар равобити ғарб ва Русия бар сари Украина, шояд барои ҳамеша масдуд шуда бошад.

Рӯзи гузашта вазири дороӣ Олмон иддао карда буд, ки кишвараш ниҳояти талоши худро дар ҷиҳати раҳоӣ аз вобастаги ба гази Русия ба кор хоҳад баст ва қасди пардохти баҳои гази ин кишвар бо рублро надорад!

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад