Касоне, ки ба оддисозӣ бо Исроил мепардозанд пушаймон хоҳанд шуд

Раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, шомгоҳи ҷумъа дар суханронии худ гуфт касоне, ки ба суръат ба думболи оддисозии равобит бо режими муваққати саҳюнистӣ ҳастанд, пушаймон шуда ва бознда хоҳанд буд.

 

Раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, шомгоҳи ҷумъа дар суханронии худ гуфт касоне, ки ба суръат ба думболи оддисозии равобит бо режими муваққати саҳюнистӣ ҳастанд, пушаймон шуда ва бознда хоҳанд буд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Сайид Абдулмалик Ал-Ҳусӣ”, раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман шомгоҳи ҷумъа гуфт касоне, ки ба суръат ба думбол оддисозии равобит бо душмани Исроил ҳастанд, пушаймон хоҳанд шуд ва бознда хоҳанд буд.

Вай, ки ба муносибати бисту ҳафтумин шаби моҳи мубораки Рамазон сӯҳбат мекард, афзуд: «шоҳиди самараи мусбати иқдоми саҳеҳ дар муқобила бо душманон ҳамонтавр, ки дар Фаластин, Лубнон ва Яман буда, ҳастем».

Раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман изофа кард: «бузургдошти рӯзи ҷаҳонии Қудс дар сатҳи густурда дар ҷаҳони ислом, мавзӯъӣ бисёр муҳимме аст».

Сайид Абдулмалик Ал-Ҳусӣ гуфт: «касоне, ки ба ҳам паймони бо душмани Исроил мепардозанд дар баробари усули ошкорӣ, дар ҳолли пасрафт ҳастанд».

Муҳаммад Ал-Бахитӣ, узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳ рӯзи ҷумъа режими муваққати саҳюнистиро таҳдид кард, ки даст аз иқдом алайҳи Қудс бардорад.

Ӯ ба шабакаи Алмаёдин гуфт, ки агар Байтулмуқаддас бо таҳдиди мавҷудият мувоҷиҳ шавад, як ҷанги минтақаӣ фарогир дар пеш хоҳад буд ва дар он сурат режими саҳюнистӣ ва кишварҳои созишгар бетардид зиён хоҳанд дид ва бозанда ҳастанд.

Муҳаммад Ал-Бахитӣ афзуд: «мушакҳо ва паҳподҳо тавонистаанд мувозинаи қуво ва барномаҳои низомиро тағйир дода ва муодилаи ҷадидеро рақам бизананд.»

Ин узви аршади ҷунбиши Ансоруллоҳ, бо баён инки масъалаи Қудс, меъёр ва миқёси каромати уммати исломӣ аст, таъкид кард: «мавзӯъи Қудс, масъалаи аввали мардуми Яман ба шумор меравад ва мо аз инҷо дар Санъо ба мардуми Фаластин мегӯем, ки ҳаргиз шуморо танҳо нагузошта ва масъалаи озодии Фаластин, масъалаи аслии мост.»

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад