Украина талафот ва хисороти неруҳои Русияро эълом кард

Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Украина дар охирин ба рӯз расонии худ аз хисороти ворида ба неруҳои русиро ироа кард.

 

Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Украина дар охирин ба рӯз расонии худ аз хисороти ворида ба неруҳои русиро ироа кард.

Ба гузориши хабаргузории “Анатолия”, Украина муддаӣ шуд, ки теъдоди 23 ҳазор низомии рус аз оғози амалиёти низомии Русия дар ин кишвар кушта шудаанд.

Тибқи охирин ба рӯз расонии ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Украина, неруҳои ин кишвар 189 дастгоҳ ҳавопаймои русӣ, 155 дастгоҳи болгард, 134 дастгоҳ ҳавопаймои бидуни сарнишин, 986 танк, 2 ҳазор ва 418 дастгоҳ мошини зиреҳӣ ва 435 сомона тӯпхонаро мунҳадим кардаанд.

Ҳамчунин 151 сомона мушак андози русӣ, як ҳазор ва 695 дастгоҳ мошин, 76 махзан сӯхт, 73 сомона зиддиҳавоӣ ва ҳашт қоиқи русӣ низ мунҳадим шуда аст.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Украинӣ муддаӣ шуданд, ки ҳадди ақал 219 кӯдак дар даргириҳои кушта ва 398 кӯдаки дигар захми шудаанд.

Тибқи гуфтаи додситони кулли Украина, ҳудуди як ҳазор ва 550 муассисаи омӯзишӣ дар ҳамалоти Русия осеб дидаанд, ки аз ҷумла 102 муассиса, ки ба таври комил тахриб шудаанд.

Бар асоси баровардҳои Созмони Милал аз замони оғози даргириҳо дар Украина дар 24 феврал, ҳадди ақал 2 ҳазор ва 829 ғайринизомӣ кушта ва 3 ҳазор ва 182 нафари дигар захмӣ шудаанд. Ҳамчунин ба гуфтаи ожонси паноҳндагони Созмони Милали Муттаҳид, токунун 7.7 миллион нафар дар Украина овора шуда ва беш аз 5.3 миллион нафар ба кишварҳои дигар гурехтаанд.

Русия дар 24 феврал амалиёти вежаи низомии худро дар Украина оғоз кард. Владимир Путин”, раиси ҷумҳури Русия ҳадаф аз ин иқдомро «ҳифозат аз афроде, ки ба муддати ҳашт сол тавассути режеми Киев дар маърази қулдрӣ ва насл кушӣ қарор гирифтаанд», номид.

Ҳамчунин ин иттифоқ пас аз он рух дод, ки Амрико ва кишварҳои ғарбӣ ҳозир ба ироаи тазминҳои амниятӣ ба Маскав нашуданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад