Тавсеаи ҳамкориҳо меҳвари дидори мақомоти Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо

Дар дидори вазири хориҷаи Тоҷикистон ва сарпарасти дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо тавсеаи ҳамкориҳо баррасӣ шуд.

Дар дидори вазири хориҷаи Тоҷикистон ва сарпарасти дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо тавсеаи ҳамкориҳо баррасӣ шуд.

Ба нақл аз сомонаи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳруддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Вуко Жугичо, сарпарасти дафтари барномаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар душанбе дидору гуфтугӯ карданд.

Дар ин мулоқот тарафайн тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар заминаҳои низомӣ, сиёсӣ, иқтисоди, зисти муҳитӣ ва инсониро баррасӣ карданд.

Ниҳоди дипломатики Тоҷикистон ҷузъиёт бештаре дар ин маврид мунташир накардааст.

Шоёни зикр аст, ки Созмони амният ва ҳамкории Аврупо бузургтарин созмони байналмилалӣ дар бораи масоили амниятӣ аст. Фаъолиятҳои он шомили контроли аслиҳа, ҳуқуқи башар, озодии матбуот ва интихобот аст, аммо дар воқеъ ин созмон ба думболи таҳкими ҷойгоҳи ғарб ва густариши арзишҳои ғарбӣ дар саросари ҷаҳон аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад