Садамаи мудҳиш дар Рӯдакӣ ҷони ду нафарро гирифт

Садамаи маргбор дар рӯдакӣ ҷони як зани солхӯрда ва кудаки ноболиғро гирифт.

Бар асоси гузориши Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар пайи садамаи мудҳиш дар масири Ёвон-Рӯдакӣ як зану як кудак кушта ва теъдоде дигар дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, садама субҳи 29 апрел ба далели таъмин накардани бехатарии ҳаракати роҳ аз сӯи ронанда сар задааст.

Гуфта мешавад, ронандаи 47-солаи автомашинаи “Мерседес-Бенс”, Маханов Ҷӯрабек, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ёвон ба самти ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҳудуди деҳаи Гулоб бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба девори канори роҳ бархӯрдааст.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа, мусофирони автомашинаи мазкур; Гулова Юлдузойи 71-сола, сокини ноҳияи Ёвон ва ноболиғ Ҳайталиева Мадинаи 5-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Мусофирони дигари автомашинаи мазкур: Ҳайталиева Саидаи 31-сола, Алимардонова Зиёдаи 25-сола, сокинони ноҳияи Ёвон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Ҳамзамон хурдсолон, Очилдиев Алиҷони дусола, Намозова Солеҳаи 10-сола низ дар беморхона бситарӣ гардидаанд.

ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад