Маросими Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар Тоҷикистон баргузор шуд

Маросими Рӯзи ҷаҳонии Қудс бо ҳузури шахсиятҳо, сафирон ва дипломатҳои кишварҳои исломӣ ва эрониёни муқим дар маҳалли сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Маросими Рӯзи ҷаҳонии Қудс бо ҳузури шахсиятҳо, сафирон ва дипломатҳои кишварҳои исломӣ ва эрониёни муқим дар маҳалли сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Ҳамзамон бо охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон, ба манзур бузургдошти Рӯзи ҷаҳонии Қудс маросиме бо ҳузури шахсиятҳои динӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии тоҷик, сафирон ва дипломатҳои кишварҳои исломӣ ва эрониён муқими Тоҷикистон дар маҳалли сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд.

Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо қадрдонӣ аз ҳузури меҳмонон ва орзуи қабулии шоистаи ибодатҳои онҳо ва дарёфти баракоти ин моҳи муборак, изҳор дошт: “Рӯзи ҷаҳонии Қудс, ёдгори Имом Хумайнӣ, бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон аст. Ишон дар рӯзи 7 августи 1979, ки ҳамзамон бо таҷдиди ҳамалоти режими ишғолгари саҳюнистӣ ба ҷануби Лубнон буд, паёме дар ҳимоят аз миллат ва ормони Фаластин содир кард ва охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазонро Рӯзи ҷаҳонии Қудс ном ниҳод.

Сафири Ҷумҳури Исломии Эрон бо ишора ба аҳамияти гиромидошти ин рӯз барои мусулмонони ҷаҳон, гуфт: “ҳаддиақал се омили аслӣ боис шудааст, то Фаластин ба унвони муҳимтарин масъалаи ҷаҳони Ислом дар садр қарор гирад: нахуст, моҳияти сарзамини Фаластин, тақаддус ва ҷойгоҳи он назди пайравони дини Ислом; Дувум, моҳияти душмани саҳюнистӣ ва иддаоҳои мазҳабӣ ва таърихӣ ва рӯҳияи тавсеаталбона ва ишғолгарии он (талош барои моликият бар сарзамин Фаластин ва маконҳо муқаддаси исломӣ); Севум, моҳияти иътилофи ғарбӣ-саҳюнистӣ, ки ба думболи тафриқа ва дудастагӣ миёни кишварҳои исломӣ ва тазъифи онҳо аст, то ҳамчунон вобаста ба қудратҳои бузург боқӣ бимонанд”.

Сафири ҶИЭ идома дод: “Тайи 7 даҳаи гузашта, Фаластин ҷиноятҳои бешумореро аз қатли ом, поксозии қавмӣ, тағйири бофти ҷамъият, шиканҷаи ҳадафманд, қатли худсарона, боздошт ва тамом шаклҳои ҷиноятҳои ҷангӣ, наслкушӣ ва ҷиноят алайҳи башариятро дар ҳоле таҳаммул кардааст, ки ин масъала ба шеваи амали Исроил аз ибтидои ишғоли сарзамини Фаластин табдил шудааст”.

Собирӣ бо баёни инки тайи солҳои ахир режиими ишғолгари саҳюнистӣ иқдомоти ҷунуномези худро алайҳи фаластиниён шиддат бахшидааст, тасреҳ кард: “Аз ҷумлаи ин иқдомот метавон ба «танбеҳҳои дастаҷамъӣ» , ки муҳимтарин омили нақзи «асли таъйини сарнавишт» тавассути фаластиниён аст, муҳосираи Ғазза, такмили девори ҳоил, ихроҷ ва кӯчи иҷбории фаластиниён аз ватани аслияшон ва дар муқобил эъзом ва искони исроилиҳо ба манотиқи ҳосилхез, террори фармондеҳон ва муҷоҳидини фаластинӣ ва соири кишварҳои арабӣ ва исломӣ, нобудии заминҳои кишоварзӣ дар навори Ғазза, иҷрои тарҳи яҳудисозии Қудс бо тадовуми шаҳраксозиҳо, тахриби манозили фаластиниҳо, афзоиши ҳузур ва назорати низомӣ-амниятӣ бар шарқи Байтулмуқаддас, манъи рафту омади шаҳрвандони фаластинии сокини Қудс ва соири иқдомоти золимона ишора кард.

Вай идома дод: “режими Исроил бояд ба хотири нақзи ҳуқуқи башари байналмилалӣ ва ҳуқуқи башардӯстона дар сарзамини ишғолии Фаластин посухгӯ бошад. Чунин ҷиноятҳо набояд бидуни муҷозот бимонад. Ҳалли буҳрони Фаластин танҳо дар сурате имконпазир аст, ки ҳуқуқи мусаллами мардуми Фаластини ишғолӣ ба таври комил ба расмият шинохта шуда, эҳё ва барқарор шавад. Аз тарафе стандарти дугонаи кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар мавзӯи Фаластин ба нигаронии озодандешон ва сулҳҷӯёни ҷаҳон табдил шудааст ва ин рӯйкард бо таваҷҷуҳ ба абъоди ҳуқуқи башарӣ иқдомоти саҳюнистҳо дигар қобили таҳаммули мардуми минтақа нест”.

Сафир Эрон дар ин робита нақши Амрикоро мухарриб унвон ва тасреҳ кард: “мутаассифона сиёсатҳои Амрико ба мизони бисёр зиёде дар хидмати манофеи Исроил аст ба тавре, ки бархе аз нависандагон дар Амрико мақолаҳоеро навиштаанд дар бораи инки дар воқеъ ин исроилиҳо ҳастанд, ки Амрикоро идора мекунанд, на худи амрикоиҳо. Амрико ба таври солона беш аз 3.8 миллиард доллар кумаки низомӣ ба Исроил мекунад. Ҷимоятҳои сиёсии Амрико аз Исроил низ бисёр густарда ва бидуни ҳеҷгуна маҳдудият будааст. Шоҳид ҳастем, ки рафтори Амрико бо шӯрои ҳуқуқи башар, Юнеско ва қатъномаҳои байналмилалӣ, ки алайҳи Исроил содир шуда буд чигуна аст. Амрико токунун беш аз 40 мартаба барои манофеи Исроил аз ҳаққ вето истифода карда ва ин худ гӯёи ҳамачиз аст”.

Собирӣ дар идома ба табйини сиёсати Эрон дар қиболи Фаластин пардохт ва изҳор дошт: “ҳимояти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз мардуми таҳти зулм ва ситамдидаи Фаластин як сиёсати кӯтоҳмуддат ва тактикӣ нест ва ин амр натанҳо реша дар эътиқодҳои динӣ дорад, балки аз ҳама муҳимтар вазифаи инсонӣ ва башардӯстона аст, ки бунёни он ба фитрат ва зоти ҳар инсони озода аз ҳар дин ва нажод бозмегардад”.

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахши дигаре аз суханони худ ба нақши манфии кишварҳо ва созмонҳои ғарбӣ пардохт ва изҳор дошт: “давлатҳои ғарбӣ ва созмонҳои муҳими байналмилалӣ нисбат ба ҳалли қазияи Фаластин кӯтоҳӣ карданд ва тамоми роҳи ҳалҳои пешниҳодӣ ба далели нигоҳи ҷонибдоронаи онҳо ба шикаст анҷомид”.

Вай бо ишора ба инки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ростои ҳалли буҳрони Фаластин тарҳи демократик ва одилона таҳти унвони “баргузории ҳамапурсии миллӣ дар Фаластин” ироа додааст, таъкид кард: “ба эътиқоди Ҷумҳурии Исломии Эрон бозгашти оворагони фаластинӣ ба сарзамини аслии худ ва баргузории ҳамапурсӣ дар миёни мардумони асили ин сарзамин барои таъйини сарнавишт ва навъи низоми сиёсии мавриди назар, муассиртарин роҳкор барои ҳалли ин муноқиша аст. Бар асоси ин тарҳ, мусулмонон, яҳудиён ва масеҳиёни асолатан фаластинӣ метавонанд навъи низоми қонунии ҳоким бар хешро баргузида ва ба сурати озод ва баробар аз ҳуқуқи он баҳраманд гарданд. Тарҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон бар асоси усули демократик ва ҳуқуқи байналмилал мавриди пазириши тамоми давлатҳо ва миллатҳо тадвин ва ироа шудааст. Ин тарҳ ҷойгузини муносибе дар баробари тарҳҳои шикастхӯрдаи қаблӣ хоҳад буд”.

Сафири Эрон пешопеш Иди саиди Фитрро ба ҳозирон дар ин маросим ва ҳамчунин ҳамаи мусулмонони ҷаҳон табрик гуфт ва ибрози умедворӣ кард, ки ба зудии зуд шоҳиди озодии сарзамини Фаластин ва раҳоии мардуми азиз ва мазлуми ин кишвар аз банди ишғолгарӣ бошем.

Дар бахши дигаре аз ин маросим Луйи Исо, сафири Фаластин дар Тоҷикистон тайи суханоне аз Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ибтикори эъломи Рӯзи ҷаҳонии Қудс қадрдонӣ кард ва гуфт, ки беш аз 4 даҳа аст, ки ин рӯз бузург дошта мешавад ва уммати исломӣ таҳти парчами ваҳдат ва ҳамдилӣ бо мардуми Фаластин қарор мегирад.

Сафири Фаластин изҳор дошт, ки Рӯзи ҷаҳонии Қудс фурсате аст то симои воқеии режими ҷинояткори саҳюнистӣ ба тамоми ҷаҳониён муаррифӣ шавад ва ҳамзамон ҳимоят ва пуштибонӣ аз фидокориҳои мардуми Фаластин барои озодӣ ва истиқлол дар баробари ишғолгарон барҷаста шавад.

Вай гуфт, ки режими саҳюнистӣ мехоҳад Қудси шарифро аз байн барад, вале ҳимоятҳои бедариғи Эрон аз муқовимати Фаластин талошҳои душманро нақши бар об кардааст.

Сафири Фаластин аз он ибрози таассуф кард, ки бархе кишварҳои исломӣ нисбат ба сарнавишти Фаластин мавзеи бетарафона доранд ё бо режими саҳюнистӣ таомул мекунанд. Аммо воқеияти масъала ин аст, ки то замоне ҳаққи фаластиниҳо таъмин нашавад, сулҳ ва сабот дар ин минтақа ҳосил нахоҳад шуд. Дар ин росто иҷрои комили қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид амри ногузир аст.

Маросими гиромидошти Рӯзи ҷаҳони Қудс бо иқомаи намози ҷамоат ва пазироӣ ва ифтори меҳмонони ширкаткунанда поён ёфт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад