Рӯзи Қудс, рӯзи дифоъ аз мазлумияти мардуми “Фаластин”

Ҷаҳони куфр ва тоғут, ҳамвора аз иттиҳоди мусалмонон ҳарос дорад ва талош карда бо ҳазинаҳои бисёр калон, суфуф ва ваҳдат байни мусалмононро бар ҳам бизанд ва тафриқа эҷод кунад.

 

 

Рӯзи Қудс рӯзи ҳимоят аз мардуми мазлум ва ситамдидаи Фаластин ва тақвияти муқовимати исломӣ дар ҷаҳон аст ва муқовимати исломӣ нақши бесазое дар бедории миллатҳои мусалмонон дар дунё дошта ва боиси тақвияти ваҳдат ва иттиҳод дар байни мусалмонон аст.

Бо номгузории рӯзи Қудс аз сӯи имом Хумайнӣ (ра) ҳамаи мусалмонони ҷаҳон дар охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон бо ҳузур дар як бузургдошти азим аз Исроили ғосиб ва ҷинояткор эъломи инзиҷор мекунанд ва бо ҳузури худ, миллатҳои озодихоҳи ҷаҳонро бедор мекунанд, ки дар сарзамини Фаластин ба мардуми мазлум, зулм мешавад ва занон ва кӯдакон кушта мешаванд ва ба асорат гирифта мешаванд.

Бидуни шак роҳи наҷоти Қудси шариф, иттиҳоди мусалмонони ҷаҳон аст ва ҳамонтавр, ки ҳазрати имом Хумайнӣ (ра) таъкид карданд бо ваҳдати уммати исломӣ метавонем Қудсро наҷот диҳем ва аз чанги саҳюнитсҳои кӯдаккуш халос кунем.

Ҷиноятҳои бешумори авомили истикбор ва саҳюнитсҳои хунхор дар Фаластини ишғолӣ, Лубнон, Сурия, Ироқ ва Яман ва бархе дигар аз кишварҳои исломӣ эҷоб мекунад, мардуми фаҳим ва бедори ҷаҳони ислом, зимни эълони ҳимояти қотеъ аз ормони раҳоӣ Қудси шариф ва ҳуқуқи миллати мазлум ва ситам дидаи Фаластин, ҷинояти ишғолгарон ва ҳомиёни ононро маҳкум карда ва ҳамдилӣ ва ҳамзабонии худро дар ҳимоят аз ситамдидагон эълом намояд.

Фаластин дар асри мо симои мазлумият аст, ҷиноятҳо ва хиёнатҳое, ки аз чандин даҳа пеш то ба имрӯз аз сӯи қудратҳои ҷаҳонӣ ва саҳюнистҳо бар мардуми Фаластин раво дошта шуда ва инки миллатеро овора кунанд ва сарзаминшонро ба ишғол дароваранд, дар таърих кам собиқа аст.

Фаластин ва Қудси шариф, як сарзамини исломӣ аст ва бахше аз таърих ва ҳувияти ислом дар ин минтақа рақам хӯрда аст. Паёмбари Гиромии Ислом(с) аз “Қуббатуссахра” ба Меъроҷ рафт ва Қудси шариф 14 сол қиблаи аввали мо мусалмонон буд, бинобар ин мусалмонони ҷаҳон пайванди ногусастанӣ бо ин минтақа доранд ва наметавонанд ба таҳаввулот ва рӯйдодҳое, ки бар мардуми мазлум ва мусалмони ин минтақа ва ин бахш аз таърихи ислом раво дошта мешавад бетафовут бимонд ва фақат назорагар бошанд.

Реша ва таърихи бахше аз ҳувияти уммати исломӣ дар Қудси шариф ва сарзамини Фаластин аст ва уммати исломӣ бояд нисбат ба ҳувияяти худаш ва решаҳои ҳувияяташ ҳассос бошад ва аз он дифоъ ва посдорӣ кунад.

Мо мусалмонем ва тибқи омӯзаҳои исломӣ, мусалмон бояд аз мазлум дифоъ кунад ва бо золим ба муқобила бархезад, мо вазифаи исломӣ дорем, ки аз мардуми мазлум ва бедифоъи Фаластин ва Қудси шариф, ки дар чанголи истибдод ва насл кушии саҳюнистҳои палид қарор гирифта дифоъ кунем.

Имрӯз зулме, ки ба мардуми бедифои Ғазза мешавад ва солҳо муҳосира ва фишор бар ин мардуми мазлум барои дар ҳам шикастани муқовимати онҳо ва тан доданашон ба созиш, дил ҳар инсони озодаеро ба дард меовард, аммо пойдорӣ ва имони ин мардуми устувор, ҳам мисол заднӣ ва ҳам муқаввими ангезаи мусалмонони ҷаҳон барои ҳимоят аз онҳост ва рӯзи Қудс, самбули ин ҳимоят аст.

Мардуми мазлум ва бедифои Ғазза, бадур аз камтарин имконот ва дар дастрас будани ниёзҳо ва надоштани ҳуқуқи аввалия дар муҳосира нигаҳ дошта шудаанд. Хонаҳо ва мазореъ ва боғҳои онҳо тавассути неруҳои режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ тахриб шуда ва бар рӯи заминҳои онҳо шаҳракҳои саҳюнист нишин эҳдос мешавад ва онҳо аз пушти симҳои хордор танҳо назорагари ин зулм ҳастанд. Ҳеҷ виҷдони бедоре наметавонд дар баробари ин вақоеъ сукут кунад ва хомӯш бинишинад ва кори накунад.

Ҳамонтавр, ки бар ҳамагон ошкор аст, режим касисфи саҳюнситӣ, як режими золим, саркаш ва ваҳшӣ хунхор аст ва қудратҳое, ки дам аз ҳуқуқи башар мезананд дар баробари ин зулм бар миллати Фаластин сукут ва аз он ҳимоят мекунанд. Дар ин шароит рӯзи Қудс ва бузургдошти он дар саросар кишварҳои исломӣ ва дигар кишварҳо, паёме барои ин миллати мазлум аст, ки аз ёд нарфтаанд ва камокон дар садри ормонҳои уммати исломӣ қарор доранд.

Кишварҳои исломӣ дар рӯзи Қудс бояд эътироз ва инзиҷори худро аз режими ҷинояткори саҳюнистӣ ва истикбори ҷаҳонӣ, нисбат ба зулм ва ситаме, ки бар мардуми мазлуми Фаластин раво медоранд, эълом кунанд то саҳюнистҳо бидонанд уммати исломӣ дар ҷиҳати ҳимоят ва ҳамроҳӣ аз мардуми Фаластин ва Қудси шариф, заррае ақиб нишинӣ нахоҳад кард ва ба ёди бародарони мазлуми худ дар Фаластини ишғолӣ ҳаст, ва вазифаи мусалмонон аст, ки садои мазлумияти миллати Фаластинро ба гӯши ҷаҳониён бирасонанд ва бо ваҳдат ва ҳамдилӣ ва як порчагӣ тарфандҳо ва тавтеаҳои режими палид ва кӯдак куши саҳюнистӣ ва ҳомёншро хунсо кунанд.

Мо мусалмонон эълом медорем, ки Фаластин ва Қудси шариф, қиблаи аввали мо мусалмонон аст ва барои дифоъ аз он ва ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин, заррае кӯтоҳӣ намекунем ва дар рӯзи Қудс низ бо тамоми қудрат дар майдон ҳузур хоҳем ёфт ва аз ормонҳои Фаластин дифоъ мекунем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад