Узви парлумони Қирғизистон: Музокира бо ИМА барои тавофуқ иштибоҳ аст

Узви парлумони Қирғизистон гуфт: “агар хоҳони бетарафӣ ҳастем; бояд имзои тавофуқ бо Амрикоро ба ҳолати таълиқ дароварем”.

Узви парлумони Қирғизистон гуфт: “агар хоҳони бетарафӣ ҳастем; бояд имзои тавофуқ бо Амрикоро ба ҳолати таълиқ дароварем”.

Исҳоқ Масалиев, намояндаи парлумони Қирғизистон гуфт: “агар Қирғизистон мехоҳад дар шароити феълӣ (даргирии Русия ва Украина) бетараф бошад, бояд имзои тавофуқнома бо Иёлоти Муттаҳидаро ба ҳолати таълиқ даровард”.

Ба гуфтаи вай, акнун шароит дар ҷаҳон душвор аст, тағйироти бузурге дар ҳоли рух додан аст.

Вай хитоб ба Ҷеенбек Кулубоев, вазири ҷадиди умури хориҷаи Қирғизистон, аз раванди музокироти кобинаи вазирон ва мақомоти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико интиқод кард.

Вай хотирнишон кард: “ахиран мақомоти мо мавзӯи музокира бо Амрико барои имзои қарордоди ҳамкории ҷадидро матраҳ карданд, шумо ба хубӣ медонед агар мехоҳем бетарафиро (даргирии Русия ва Украина) ҳифз кунем, бояд ҳамаи корҳоро мутаваққиф кунем”.

Ба гуфтаи Масалиев, замоне, ки аз яксӯ икрони филмҳои русӣ дар Қирғизистон мамнуъ аст ва аз сӯи дигар барои тавофуқ бо Амрико музокира мешавад, ин иқдоми иштибоҳе аст.

Вай афзуд: “ман мехоҳам назарамро баён кунам ва баъд шумо худатон тасмим бигиред. Албатта раиси ҷумҳур сиёсати хориҷиро контрол мекунад. Аммо ба унвони як шаҳрванд мехоҳам бигӯям, ки Қирғизистон бояд ба аҳдофи худ бирасад ва аз манофеи худ муҳофизат кунад. Бинобарин, инро ба унвони тавсия дар назар бигиред ва набояд бо аҷала тасмим бигиред. Ин як дархост аст.

Лозим ба зикр аст, ки муовини нахуствазир дар 15-уми апрел бо Узро Зиё, муовини вазири умури хориҷа дар умури амнияти маданӣ, демокрасӣ ва ҳуқуқи башар, ки вориди Бишкек шудааст, гуфтугӯ кард, ки дар он баҳси тавофуқномаи ҳамкории ҷадид бо Амрико матраҳ шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад