Афзоиши ҷурму ҷиноят дар Душанбе

Дар Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи аз моҳи январ то марти соли ҷорӣ шумораи ҷиноятҳои расман ба қайд гирифташуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,6% зиёд шудааст. 

Дар Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи аз моҳи январ то марти соли ҷорӣ шумораи ҷиноятҳои расман ба қайд гирифташуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,6% зиёд шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар тамоми ҷумҳурӣ  нишондиҳандаи ҷинояткорӣ 9,1% кам шудааст.

Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии омори кишвар хабар додааст.

Дар давраи зикршуда дар ҷумҳурӣ 6500 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба моҳҳои январ-марти соли гузашта, 591 ҷиноят кам мебошад. Натиҷаи беҳтарини кам шудани ҷинояткорӣ дар вилояти Хатлон нишон дода шудааст. Дар Хатлон ҷинояткорӣ нисбат ба соли гузашта 17,6% кам шудааст.

Тибқи омори расмӣ, дар се моҳи аввали соли ҷорӣ мизони ҷиноятҳои вазнин нисбат ба соли гузашта 2,2% коҳиш ёфтааст. Дар давраи ҳисоботӣ  65,7% парвандаҳо ошкор шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 5,3% кам аст.

Шумораи ҷиноятҳои вазнин дар ҷумҳурӣ беш аз 1,4 ҳазор парвандаро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2021 2,2% кам аст.

Гуфтанист, шаҳрдори Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, писари раисҷумҳур, Рустами Эмомалӣ мебошад. Дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз Рустами Эмомалӣ ҳамчун меросбари мақоми падараш ёд мекунанд. Таблиғгарони режим Рустами Эмомалиро ҳамчун як кордону ҳамафаҳм дар расонаҳо тавсиф мекунанд. Аммо, аз рӯи омор дида мешавад, дар ҳоли рӯ ба коҳиш овардани ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ, пойтахти кишвар руз то руз ба як макони авбошию ҷинояткорӣ мубаддал мешавад.

Пештар дар хабарҳо омада буд : 

Дар Душанбе кормандони милисаи пойтахт ду ҷавонро барои таҳқир ва озор додани духтарон дастгир ва ҳабс намуданд.

Ба иттилои Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри як видео аз онҳо дархост карданд, нисбати ҷавононе, ки наворбардорӣ шудаанд, чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Ин ду ҷавон, ки яке 25 ва дигаре 26-сола мебошад, барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва беэҳтиромӣ нисбати занону бонувон дастгир карда шуданд.

“Онҳо нисбати ду нафар ҷавонзани пойтахт беэҳтиромӣ зоҳир намуда, шаъну шарафи онҳоро паст задаанд”.

Зимни санҷиш ва пурсиши шоҳидони ҳодиса муайян карда шуд, ки дар ҳақиқат, номбурдагон дар кӯчаи Фирдавсӣ, дар назди маркази савдои “Содот” нисбати ду нафар апаву хоҳар беэҳтиромӣ зоҳир намудаанд.

Дар ҳамин ҳол нисбати онҳо, тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ), Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.

Бо қарори суд нисбати яке ба муҳлати 7 шабонарӯз ва нисбат ба дигаре ба муҳлати 5 шабонарӯз ҳабс таъйин карда шуд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад