Ҷаҳон дар остонаи бузургтарин бӯҳрони ҷаҳонӣ

Маттиас Бернингер, сардори шӯъбаи Bayer AG, як корпоратсияи фаромиллии кимиёвӣ гуфтааст: «Соли оянда мо дар яке аз бузургтарин бӯҳронҳои ғизоӣ дар таърихи инсоният қарор дорем.»

Маттиас Бернингер, сардори шӯъбаи Bayer AG, як корпоратсияи фаромиллии кимиёвӣ гуфтааст: «Соли оянда мо дар яке аз бузургтарин бӯҳронҳои ғизоӣ дар таърихи инсоният қарор дорем.»

Иқтисоддони олмонӣ  Матин Каим низ дар ҷонибдории ин нуқта иброз дошт, ки дар назар аст,  гуруснагии ҷаҳонӣ то сад миллион нафарро фаро гирад. Таҳлили иқтисодии мутаҳассисони соҳа сабабҳои зиёдеро фаро гирифтааст, ки албатта яке аз асоситаринаш бӯҳрони омада бар сари Укроин ва афзудани силсилаи пайдарпайи таҳримот алайҳи Русия мебошад.

Дар як нашрияи олмонӣ мақолае дарҷ шудааст, ки дар он гуфта мешавад, сукут дар таъминоти саривақтии нуриҳо  дар натиҷаи бӯҳрони Украина ба ҳолате оварда мерасонад, ки деҳқонон имсол ҳосили кофӣ гирифта наметавонанд. Дар натиҷа табиист, қимати маҳсулоти полезӣ якчанд карат меафзояд.

Як тарафи масъала, чӣ гуна бе газу нафти Русия илоҷи корро пайдо кардан бошад, тарафи дигаре ҳам ҳаст, ки бояд андешид, чӣ гуна бе нуриҳои аз Русия ва Белорус содиршаванда майдони киштро ғизо диҳанд.

Норасоии нурӣ ба ҳолате оварда мерасонад, ки деҳқонони бешумор дар саросари ҷаҳон, ё кишт намекунанд, ё ба миқдори дилхоҳ ҳосил рӯёнида наметавонанд.

Нурӣ барои бисёр кишварҳои камбизоат низ, ки кишоварзӣ асоси зиндагиашонро ташкил мекунад,  дастрас нест.

Муҳимтарин нуқтаи таъминкунандаи  бозори нурӣ, корхонаҳои истеҳсоли калий  аз Урал ва Белорус мебошанд, ки ҳоло таҳти таҳримоти Ғарб қарор доранд. Аз сабаби баландии нархи газ, нуриҳои нитрогении саноатӣ низ бо нархи дастрастар тайёр намешаванд.  Аз чунин суръат гирифтани ҳол Бразилия ба хатари чиддии талафот дар истехсолоти хочагии кишлок метарсад. Вазъият дар Африқо аз ин хам бадтар аст. Аз сабаби шароити иклим дар киштзорҳои бузург кишти галла имконнопазир гаштааст, ки ин ҳама норасои бояд аз  ҳисоби воридот ҷуброн карда шавад. Қимати маҳсулоти воридшаванда имконияти харидориро барои мардуми минтақаи Африқо торафт бештар дастнорас мегардонад.

Мудири иҷроияи Барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони Милали Муттаҳид Дэвид Бисли, бо таҳлили иқтисоддон Матин Каим мувофиқ аст. Вай дар мусохиба бо мухбири рӯзномаи «Frankfurter Allgemeine Zeitung» изхори хавотир кард, ки чанги мусаллахона дар Аврупои Шаркй  окибатхои тасаввурнашавандае  хохад дошт. Норасоии густурдаи ғизо ҷараёнҳои нави муҳоҷиратро ба вуҷуд меорад.

Мақоли мардумии “Гурусна ба шер мезанад” гӯёи ҳолате аст, ки сенориёи дар кӯчаҳои эътироз рехтани оммаро ҳам бояд чашмдор бошем. Норизоятӣ аз болоравии сареъи қимати маводи ғизоӣ дар пайи бӯҳрони ҷаҳонии молӣ, хусусияти инфиҷории худро касб мекунад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад