Ваъдаи мақомот ба афзоиш наёфтани қимати барқ дар Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон эълом карданд дар соли ҷорӣ қимати барқ ва хадамоти шаҳри афзоиш намеёбад.

Мақомоти Тоҷикистон эълом карданд дар соли ҷорӣ қимати барқ ва хадамоти шаҳри афзоиш намеёбад.

Ба гузориши манбаъ : 

Дар баёнияи ҳукумати  Тоҷикистон таъкид шудааст дар соли ҷорӣ қимати барқ, об ва хадамоти дармонӣ афзоиш намёбад.

Ин дар ҳоле аст, ки қимати ҳар киловат соат барқи бахши хонагӣ аз 9 дирам дар соли 2010 ба 22.2 дирам дар соли 2020 расид.

Мақомоти Тоҷикистон далели афзоиши дубораи қимати барқ дар кишварро дархости ниҳодҳои молӣ   ва байналмиллалӣ ва минтақаӣ эълом мекунанд.

Онҳо мегӯянд яке аз шароити пардохти  қарзи ниҳодҳои молӣ ба Тоҷикистон айфзоиши қимати барқ дар бахшҳои мухталиф аст.

Коршиносон низ муътақиданд, ки бо ихтисоси қарзҳои зиёд ва афзоиши қимати барқ дар Тоҷикистон авзои молии ширкати Барқи Тоҷик беҳбӯд намеёбад.

Ширкати Барқи Тоҷик бо бадеҳии 22 миллиард сомонӣ бадеҳкортарин идораи давлатии Тоҷикистон аст.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Тибқи иттилоъи Агентии омори кишвар, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии зиёда аз 7,3 млн доллар неруи барқ содир кардааст .

Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда 15% ё худ 2,4 млн доллар камтар нисбат ба семоҳаи аввали соли 2021 аст.

Дар ин давра дар ҷумҳурӣ зиёда аз 5,3 млрд киловатт-соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 5,6% зиёдтар нисбат ба се моҳи аввали соли 2021 мебошад.

Бино ба маълумоти ширкати “Барқи тоҷик”, дар давраи тирамоҳу зимистон барқи Тоҷикистон танҳо ба Афғонистон интиқол дода мешавад.

Дар ин давра Афғонистон шабонарӯзӣ то 40 МВт неруи барқ мегирад, ки тибқи арзёбии мутахаасисони “Барқи тоҷик”, “ба тавозуни умумии таъминот бо барқ дар кишвар таъсир намерасонад”.

Дар назар аст, ки аз аввали моҳи апрел ҳаҷми шабонарӯзии интиқоли барқ ба Афғонистон то 400 МВт расонида шавад. Ҳамчунин бо фарорасии баҳор содироти барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон оғоз мегардад.

Афғонистон барои 1 киловатт-соат барқ аз Тоҷикистон 4,67 сент, Ӯзбекистон бошад — 2 сент маблағ пардохт мекунад.

Мувофиқи қарордодҳои имзошуда, Тоҷикистон уҳдадор шуд, ки соли 2022 ба Афғонистон 1,5 млрд киловатт-соат ва ба Ӯзбекистон — 1,4 млрд киловатт-соат барқ интиқол медиҳад.

Раҳбарияти “Барқи тоҷик” дар нишасти матбуотии нимаи моҳи феврал хабар дода буд, ки қарзи ширкати марбутаи энергетикии Афғонистон ба Тоҷикистон аз истифодаи барқ аз 33 млн доллар дар аввали соли 2022 то 27 млн доллар кам шудааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад