Мухолифати Утриш бо пайвастани Украина ба Иттиҳодияи Аврупо

Як рӯзномаи Утриш навишт вазири умури хориҷаи ин кишвар бо пайвастани Украина ба Иттиҳодия Аврупо мухолифат карда аст.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Александр Шалленберг”, вазири умури хориҷаи Утриш эълом карда, ки кишвараш бо пайвастани Украина ба Иттиҳодияи Аврупо мухолиф аст.

Ба навиштаи хабаргузории Фаронса ба нақл аз як рӯзномаи Утришӣ Александр Шалленберг, дар як нишасти расонаӣ эълом кард Вена аз таъмиқи равобит миёни Иттиҳодия Аврупо ва Украина ҳимоят мекунад, аммо бо узвияти комили Киев мувофиқ нест.

Ба гуфтаи вазири умури хориҷаи Утриш, ин кишвар аз масирҳои дигаре аз ҷумла мулҳақ шудани Украина ба минтақаи иқтисодии Аврупо ё ҳифзи вазъияти феълии равобити Киев ва Брюссел истиқбол мекунад.

Шалленберг бо ишора ба кишварҳои ҳавзаи ғарби Балкан, ки дар ҳоли пайвастан ба гуфтугӯҳо дар бораи узвият дар Иттиҳодияи Аврупо ҳастанд гуфт, Украина набояд вазъияти номзадии узвият дар Иттиҳодияи Аврупоро дар моҳи июн дарёфт кунад.

Украина тайи солҳои гузашта борҳо хостори узвият дар Иттиҳодияи Аврупо ва паймони низомии НАТО шуд, аммо ин дархостҳо бо мувофиқати аъзо ҳамроҳ нашуданд. Дар ин миён, Маскав борҳо ба Украина дар бораи узвият дар НАТО ва расидан ин паймони низомӣ ба марзҳои Русия ҳушдор дод. Аз замони шурӯъи даргириҳои Украина, Киев дархостҳо барои узвият дар Иттиҳодияи Аврупоро ташдид карда аст.

Ба гузориши хабаргузории “Ройтерс”, “Урсула Вон” раиси комиссияи Аврупо ин пурсишномаро дар сафараш ба Киев дар ҳаштуми апрел ба Владимир Зеленский дод ва мутааҳҳид шуд, ки талоши Украина барои узвият дар Иттиҳодияи Аврупо пас аз таҳоҷуми Русия ба ин кишвар, сареътар оғоз шавад.

Кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо аз замони шурӯъи «амалиёти вежаи Русия» дар Украина, зимни эъмоли таҳримҳои густурда алайҳи Русия, ҳимоятҳои молӣ ва низомии зиёде ба самти Киев равона кардаанд.

Чанди пеш “Ҷозеф Боррел”, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо пас аз сафар ба Украина дар ҷамъи хабарнигорон аз тамоюли Иттиҳодияи Аврупо барои поён додан ба ҷанги Украина бо тавассул ба зӯр ва густариши кумакҳои низомӣ ба Украина хабар дод.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад