Аҳдофи рӯзи Қудс дар каломи бунёнгузори он

Дар аввалин моҳи Рамазон, пас аз пирӯзии инқилоби исломии Эрон, имом Хумайнӣ (ра) - ки аз ибтидои қиём, алайҳи режими Паҳлавӣ ва Амрико аз озодии Фаластин ва мардумаш дифоъ мекраданд - охирин ҷумъаи моҳи рамазонро ба унвон Рӯзи қудс эълом карданд то мусалмонон, озодагон ва мустазъафони ҷаҳон, дар ин рӯз нидои озодии қудсро алайҳи мустакбирон сар диҳанд ва бо тазоҳурот ва роҳпаймои ва ҳар гуна иқдоми мумкин, ба ҷиҳод бархезанд.

Дар аввалин моҳи Рамазон, пас аз пирӯзии инқилоби исломии Эрон, имом Хумайнӣ (ра) – ки аз ибтидои қиём, алайҳи режими Паҳлавӣ ва Амрико аз озодии Фаластин ва мардумаш дифоъ мекраданд – охирин ҷумъаи моҳи рамазонро ба унвон Рӯзи қудс эълом карданд то мусалмонон, озодагон ва мустазъафони ҷаҳон, дар ин рӯз нидои озодии қудсро алайҳи мустакбирон сар диҳанд ва бо тазоҳурот ва роҳпаймои ва ҳар гуна иқдоми мумкин, ба ҷиҳод бархезанд.

Ин иқдоми муҳим ва таърихии ҳазрати имом Хумайнӣ (ра) аввалан барои зинда нигоҳ доштани масъалаи Фаластин ва ҷалб таваҷҷӯҳи муслимин ва давлатҳои исломӣ ба хатари саҳюнизм буд ва сониян аксуламали ноши аз басират ва ғайрати исломӣ дар баробари хиёнатҳои созишкоронаи бархе давлатҳои арабӣ монанди Анвар Содот буд.

Давлати Миср яке аз кишварҳои пуштибони Фаластин буд ва ба ҳамроҳии Сурия, солиёни сол ба ҷанг ва ситез бо саҳюнистҳо мепардохт: аммо баъдан бо дахолат ва ҳимоятҳои Амрико, дар соли 1978 Анвар Содот, раиси ҷумҳури вақти Миср ба таври якҷониба дар Камп Девиди Амрико сулҳеро бо саҳюнистҳо ба имзо расонд ва на танҳо амалан Мисрро аз гардунаи даргирӣ бо душмани саҳюнист хориҷ кард, балки баҳонаи хуб барои соири давлатҳо ва кишварҳои исломӣ дар сустӣ ва бетафовути нисбат ба масъалаи мардуми мазлуми Фаластин шуд. Худованди субҳон хуруҷи Мисрро ба воситаи пирӯзии инқилоби исломӣ дар Эрон ба раҳбарии имом Хумайнӣ (ра) ҷуброн фармуданд. Имом дар 16 мурдоди 1358 мусодиф бо 1399 ҳиҷри қамари дар паёми муҳимме барои эълони рӯзи қудс, фармуд:

“Ман дар таи солиёни дароз хатари Исроили ғосибро гушзади муслимин намудам, ки акнун ин рӯзҳо ба ҳамалоти ваҳшиёнаи худ ба бародарон ва хоҳарони Фаластин шиддат бахшида аст ва ба вежа дар ҷануби Лубнон ба қасд нобудии муборизони Фаластинӣ паёпай хона ва кошонаи эшонро бомбаборон мекунад. Ман аз умуми мусалмонони ҷаҳон ва давлатҳои исломӣ, мехоҳам ки барои кутоҳ кардани дасти ин ғосиб ва пуштибонони онон ба ҳам бипайванданд ва ҷамеъи мусалмонони ҷаҳонро даъват мекунам охирин ҷумъаи моҳи муборак Рамазонро – ки аз айёми қадр аст ва метавонад таъйинкунандаи сарнавишти мардуми Фаластин низ бошад – ба унвон рузи Қудс интихоб ва таи маросими ҳамбастагии байналмилалии мусалмононро дар ҳимоят аз ҳуқуқи қонунии мардуми мусалмон эълон намоянд. Аз Худованд пирузии мусалмононро бар аҳли куфр хосторам”. (Саҳифаи нур, ҷ 8, с 229).

Ва дар паёми дигаре мефармояд:

Рӯзи Қудс як рӯзи ҷаҳони аст, рӯзе нест, ки фақат ихтисосе ба Қудс дошта бошад, рӯзи муқобалаи мустазъафин бо мустакбирин аст. Рӯзи муқобалаи миллатҳое аст, ки дар зери фишори зулми Амрико ва ғайри Амрико буданд … рӯзе аст, ки бояд мустазъафин муҷаҳҳаз бишаванд дар муқобили мустакбирин ва димоғи мустакбиринро ба хок бимоланд … рӯзи Қудс рӯзи Ислом аст, рӯзи Қудс, рӯзе аст, ки Исломро бояд эҳё кард ва эҳё бикуним ва қавонини Ислом дар мамолики исломӣ иҷро бишавад. Рӯзи Қудс рӯзе аст, ки бояд ба ҳамаи абарқудртҳо ҳушдор бидиҳем, ки Ислом дигар таҳти сайтараи шумо – ба воситаи аъмоли хабиси шумо – воқеъ нахоҳад шуд. Рӯзи Қудс, рӯзи ҳаёти Ислом аст. Бояд муслимин ба ҳуш биёянд, бояд бифаҳманд қудртеро ки муслимин доранд, қудратҳои моддӣ қудратҳои маънавии муслимин – ки як милиард ҷамият ҳастанд ва пуштивонаи худоӣ доранд ва Ислом пуштивонаи онҳост ва имон пуштивонаи онҳост – аз чи бояд битарсанд?.

Ислом дини Худо аст ва бояд дар ҳамаи ақтор, Ислом пешравӣ кунад. Рӯзи Қудс, эъломи як ҳамчу матолибе аст. эъломи ин матлаб аст, ки муслимин ба пеш барои пешрафт дар ҳамаи ақтори олам. Рӯзи Қудс фақат рӯзи Фаластин нест, рӯзи Ислом аст, рӯзи ҳукумати Ислом аст, рӯзе аст, ки бояд ҷумҳурии исломӣ дар сартосари кишварҳо, байрақаш афрошта шавад. Рӯзе аст, ки бояд ба абарқудратҳо фаҳмонданд, ки дигар онҳо наметавонанд дар мамолики исломӣ пешравӣ кунанд. Ман рӯзи Қудсро рӯзи Ислом ва рӯзи Расули акрам (с) медонам. Рӯзе аст, ки бояд мо, тамоми қувваи худамонро муҷаҳҳаз кунем ва муслимин аз он инзивое, ки онҳоро кашонда буданд, хориҷ шаванд ва бо тамоми қудрат ва қувват дар муқобили аҷониб биистанд …”. (Саҳифаи нур, ҷ 5, с 286 ).

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад