Русия: Ҳадафи мо дар Украина кантроли комили Донбасс ва иттисоли он ба Крим аст

Як фармондеҳи рус эълом кард, марҳалаи дувуми «амалиёти вежа» дар Украина шурӯъ шуда ва ҳадафи он иттисоли Крим ба Донбасс ва сипас навоҳии шарқии Молдова аст.

 

Як фармондеҳи рус эълом кард, марҳалаи дувуми «амалиёти вежа» дар Украина шурӯъ шуда ва ҳадафи он иттисоли Крим ба Донбасс ва сипас навоҳии шарқии Молдова аст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, як фармондеҳи русӣ рӯзи ҷумъа эълом кард марҳалаи дувуми «амалиёти вежаи Русия» дар Украина шурӯъ шуда ва ҳадафи он кантроли комил бар Донбасс ва иттисоли он ба шибҳиҷазираи Крим аст.

Ба навиштаи нашрияи “Финаншл Таймс”, ба нақл аз расонаҳои русӣ, “Рустам Минкаев” фармондеҳи ҳавзаи маркази артиши Русия гуфт, марҳалаи дувуми амалиёт дар Украина аз ду рӯз қабл шурӯъ шуда аст.

Ин фармондеҳи русӣ тавзеҳ дод: «яке аз вазоифи артиши Русия ин аст, ки Донбасс ва ҷануби Украинаро таҳти кантроли комил даровард».

Ин мақоми рус гуфт: «ин кор ба мо иҷоза хоҳад дод гузаргоҳе ба самти Крим эҷод кунем ва бар бахши ҳаёти аз иқтисоди Украина асар бигузорем».

Рустам Минкаев афзуд, кантрол бар ҷануби Украина масири дигареро ба самти “Преднестр” (минтақаи худмухтори тарафдори Русия, ки байни шарқи Молдова ва ғарби Украина қарор дорад) боз хоҳад кард.

Ҳам замон бо пешрафти Русия дар Украина, “Дмитрий Песков”, сухангӯи Керемл рӯзи гузашта (панҷшанбе) ба хабарнигорон гуфт: «як бори дигар такрор мекунам, ҳамонтавр, ки дирӯз гуфтам, формалбандиҳои мо, дар воқеъ охирин нусха ба дасти мухолифони мо ба ҳайати музокира кунандаи Украина дода шуд».

Музокира кунандаи аршади Украина ҳам рӯзи сешанбе гуфт ба далели муҳосираи Мариопул тавассути Русия ва ончи ба гуфтаи ӯ тамоюли Москва барои тақвияти мавқеияти худ аз тариқи як ҳамлаи низомии ҷадид аст, пешбинии инки чӣ замоне мумкин аст музокироти сулҳи Русия ва Украина аз сар гирифта шавад, душвор аст. Дар ниҳоят рӯзи панҷшанбе кантроли Мариопул ба дасти Русия афтод.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад