Таъкиди Ҷабборов ба барқарории сулҳу субот барои ҳалли мушкилоти марзӣ

Содир Ҷабборов, президенти Ҷумҳурии Қирғизистон гуфт: “Фақат дар сурати барқарории сулҳ ва оромиш метавон мушкилоти марзиро ҳарл кард.”

Ба нақл аз Форс, Содир Ҷаборов президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар саҳифаи расмии худ дар Фейсбук дар робита бо даргирии марзии ахир дар марзӣ Тоҷикистон навишт: Кулли тули марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон 972 километр аст, ки 664 километри он тавофуқ шуда ва 308 киламетри он боқи мондааст.

Ҷабборов хотирнишон кард: Албатта агар раванди тасвиб сареътар пеш биравад хуб аст, ин ба далели ин аст, ки манотиқи мавриди муноқиша зиёд аст. муҳимтарин масъала ин аст, ки бояд сулҳ барқарор бошад ва дар он сурат мо метавонем ҳамаи масъаларо ба нафъи ҳарду тараф ҳал кунем.

Дархости Тоҷикистон барои муҷозоти омилони даргирӣ дар марз бо Қирғизистон

Нишонагузории марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар дидори ду раиси ҷумҳур баррасӣ мешавад

Пештар гузориш шуда буд, ки нишасти муназзами коргурӯҳои  нақшаҳои замин шиносии Қирғизистон ва Тоҷикистон дар Душанбе баргузор шудааст.

Аз замони даргириҳои ахир дар марзӣ Қирғизистон ва Тоҷикистон, дутараф се бор бо якдигар дидор карданд. Дар ин байн Раҳмон ва Ҷабборов борҳо ба ҳалли мушкилоти марзӣ аз тариқи музокирот таъкид карданд.

Тарафайн тавофуқ карданд, ки ба бозгаҳшти нерӯҳо дар марз идома диҳанд то камисиюни муташакил аз ниҳодҳои муртабит барои назорат бар иҷроии ин тасмим ташкил шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад