Тасмими Тоҷикистону Саудӣ ба иҷрои тарҳҳои муштараки дуҷониба

Тоҷикистон ва Арабистон иҷрои тарҳҳои муштаракро дар дастури ҳамкориҳои дуҷониба қарор доданд.

Тоҷикистон ва Арабистон иҷрои тарҳҳои муштаракро дар дастури ҳамкориҳои дуҷониба қарор доданд.

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Муҳаммад Ҳиҷи, раиси ширкати сармоягузории байналмилалии муҳандисии Арабистони Саудӣ дидор намуда ва дар мавриди таҳияи нақшаи роҳ ва эҷоди коргуруҳе барои тавсеаи ҳамкориҳо дар ҳавзаи энергӣ ва санъат тавофуқ карданд.

Дар ин дидор ду тараф дар хусуси ҳамкориҳои мумкин дар заминаҳое монанди сохти неругоҳҳои барқи обии бузург, проектҳои сармоягузорӣ ҷиҳати сохти хутут барқи фишорқавӣ, петрушимӣ, саноеи табдилӣ ва насоҷӣ гуфтугӯ карданд.

Дар ин дидор ҳамчунин шарикон ва намояндагони ин ширкати Арабистони Саудӣ аз кишварҳои Амрико, Чин, Австралия ва Олмон мавзӯи таомулот дар заминаи тавлид, насб ва роҳандозии трансформотурҳои электроникӣ бо зарфияти мутавассит ва бузург, вазифаҳои тавзеъ ва хатҳои интиқоли барқро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Гуфтанӣ аст, ки ба манзури иҷрои проектҳои мавриди назар, тасмим ба таҳияи нақшаи роҳ ва эҷоди коргуруҳи муштарак гирифта шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад