Интихоб Роҷа Парвиз Ашраф ба унвони раиси Маҷлиси миллии Покистон

Роҷа Парвиз Ашраф як сол монда то баргузории интихоботи ҷадиди парлумони раиси Маҷлиси миллии Покистон шуд.

Роҷа Парвиз Ашраф аз ҳизби мардуми Покистон бидуни райи мухолиф ба унвони раиси Маҷлиси миллии ин кишвар интихоб шуд.

Интихоби раиси ҷадиди миллиии Покистон пас аз он сурат гирифт, Асад Қасир раис Маҷлис аз ҳизби Таҳрики Инсофи Покистон дар эътироз ба барканори Имронхон аз пусти нахуствазири аз симмати худ истеъфо кард.

Шаҳбоз Шариф нахуствазири ҷадиди Покистон зимни табрик ба вазирии Парвиз Ашраф дар саҳти парлумон ибрози умедворӣ кард, Ашраф он чиро, ки дар чаҳор соли гузашта дар маҷлис рӯх дода буд, ба хок бисупорад.

Интихоби Роҷа Павиз Ашраф ба унвони раиси ҷадиди маҷлиси миллии Покистон пас аз баргузида шудани Шаҳбоз Шариф ба симмат нахуствазирии ҷадиди ин кишвар ки дар камтар аз як ҳафта ин ду руйдоди сиёсӣ ба вуқӯъ пайваст ҳикоят аз тавофуқи пушти пардаи ҳизби Мусалами Лиг Навоз ва ҳизби Мардум барои барканории Имронхон аст.

Бо вуҷӯди онки ду ҳизб Мардуми ва Муслим Лиг Навоз аз дербоз ва дар таърихи чанд даҳҳаи гузатаи Покистон рақиби якдигар ва ҳатто дар бархе мавоқеъ ба душмани ҷидди барои ҳам табдил шудаанд, аммо тавофуқи онон барои барҳам задани таркиби аксарият дар парлумони Покистон бо ҳадафи барканории Имронхон ва ҳамчунин боз шудани фурсати ҳузур дар қудрат, барои аввалин бор аст, ки дар таърихи фаъолиятҳои ҳизбӣ дар ин кишвар рӯх медиҳад.

Натиҷаи интихоботии парлумони 2018 Покистон ки таи он ҳизби Таҳрики Инсоф тавонист курсиҳои бештареро дар муқоиса бо ду ҳизби мардум ва муслими Лиг Навоз ба даст овард, нақзи як равия марсум дар таърихи интихобот дар ин кишвар буд. То пеш аз соли 2018 ҳамвора қудрати байни ду ҳизб мардум ва Муслим Лиг даст ба даст мешуд ва ниҳоятан ин равияи такрор шуда дар чанд даҳҳаи гузашта чаҳор сол қабл тавассути Имронхон ба унвони нерӯҳои саввум дар фазои сиёсии Покистон тағир кард.

Аз замони интихобити Имронхон ба унвони нахуствазирии Покистон, ки чаҳор сол пеш итифоқ уфтод, мақомоти аршади ҳарду ҳизб талоши густардае баро барканор задани раиси ҳизби Таҳрики Инсоф дар парлумон анҷом доданд, ки ноком монд.

Ду ҳизб Мардум ва Муслим Лин Навоз дар моҳҳои ахир ба ин натиҷа расиданд, ки ба танҳоӣ имкони барканории Имронхонро надоранд ва ниҳоятан ин ду гурӯҳи сиёсӣ ва текникӣ, раиси ҳизби Ҳокими собиқи Покистонро барканор кунанд.

Тавофуқ дар дохили Покистон барои барканор задани Иморхон дар маҳалли бархурд бо дасисаи Амрико барои соқит кардани давлати вай ба далели мухолифат бо хостаҳои ин кишвар, дарниҳояти мунҷар ба тағир дар таркиби аксарият парлумон райи 174 намояндаи Маҷлиси миллии Покистон барои барканории Имронхон шуд.

Бо барканории Имронхон типқи пешбиниҳо Асад Қасир раиси парлумон, ки узви ҳизби Таҳрики Инсоф аст аз раёсатии парлумон истеъфо кард, ки ин ду рӯхдод сабаб шуд то Шаҳбоз Шариф аз ҳизби Муслим Лиг Навоз ба ҷои Имронхон дар ҷойгоҳи нахуствазири биншинад ва Роҷа Парвиз Ашраф низ ба ҷои Асад Қасир ба курсии раёсати парлумони бирасад.

Ин тавофуқи пинҳонии ду ҳизб Мардум ва Муслим Лиг Навоз барои канор задани Имонхон дар созгори бо сиёсати Амрико беш аз онки дар ростои дағдағаҳои он барои мардуми Покистон бошад, ноши аз кам тоқатии онон барои расидан ба қудрат то замони интихоботи парлумонӣ дар соли оянда аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад