Шаҳбоз Шариф нахусвазири Покистон шуд

Шаҳбоз Шариф, раиси ҳизби Муслимлиг шохаи Навози Покистон бо аксарияти райи намояндагони Парлумони миллии ин кишвар ба унвони нахуствазири ҷадид интихоб шуд.

Ба нақл аз хабаргуории Садо ва Симо аз Исломобод райгири барои интихоби нахуствазири ҷадиди Покистон дар нишасти имрӯзи Парлумони ин кишвар баргузор шуд ва Шаҳбоз Шариф, раиси ҳизби Муслимлиг шохаи Навоз бо аксарияти оро ба унвони бистусеввумин нахуствазири Покистон интихоб шуд.

Ба гуфтаи манобеъи хабарӣ, Аёз Содиқ, узви ҳайатрасиаи Парлумони миллии Покистон, ки раёсати нишасти имрӯзро бар уҳда дошт бо эъломи натоиҷ гуфт: Шаҳбоз Шариф, раиси ҳизби Муслимлиг шохаи Навоз бо 174 раъй ба унвони нахуствазири Покистон интихоб шуда аст.

Ин дар ҳоле аст, ки тамоми аъзои ҳизби Таҳрики инсофи Покистон, ки дар ҳоли ҳозир мухолифи Парлумони ин кишвар ба ҳисоб меояд дар эътироз ба барканории Имронхон нахуствазири пешини ин кишвар таҳти мудохилаи хориҷӣ аз вазифаи худ истефо доданд.

Шаҳбоз Шариф, бародари кучаки Навоз Шариф аст, ки се давра нахуствазири Покистон буд. Навоз Шариф дар соли 2017 ба иттиҳоми фасод аз қудрат барканор ва зиндонӣ шуд, аммо дар ду соли ахир ба далели беморӣ аз зиндон озод шуд ва акнун дар Англис ба сар мебарад.

Парлумони Покистон рӯзи шанбе пас аз як нишасти 14 соата бо аксарияти оро ба тарҳи истефои Имронхон ва барканории ӯ раъйи мусбат дод ва нахуствазири собиқ бо райи мухолифи 174 намоянда аз маҷмуъи 341 намояндаи Парлумон барканор шуд. Имронхон нахустин нахуствазири Покистон аст, ки аз тариқи истеъфо барканор мешавад.

То кунун ҳеҷ нахуствазир дар таърихи эҷоди Покистон як давраи комилро ба поён нарасонда аст ва дар 75 соли ахир нахуствазирони Покистон ё барканор шуд ё истеъфо кард ва дар як маври низ терор шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад