Амрико дар ҳоли афзоиши қимати энержӣ дар ҷаҳон аст

Раиси ҷумҳури Русия бо баёни ин ки кишварҳои ғайридӯст ба қарордодҳои худ дар қиболи Маскав амал намекунанд, Амрикоро масъӯли афзоиши қимати энержӣ дар ҷаҳон муаррифӣ кард.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Владимир Путин” раиси ҷумҳури Русия имрӯз (чаҳоршанбе), гуфт Амрико муқассири афзоиши қимати ҳомилҳои энержӣ дар ҷаҳон аст.

Путин тайи суханронӣ дар ин бора гуфт: «кишварҳои ғайридӯст занҷираи таъминро дар ними Кареяи Шимолӣ нобуд кардаанд ва соири кишварҳо ба қарордодҳои худ амал намекунанд ва ин барои мо мушкилоте эҷод мекунад».

Ба навиштаи хабаргузории “Спутник”, вай изҳор дошт: «мо метавонем энержиро ба кишварҳое содир кунем, ки воқеан ба он ниёз доранд. Мо метавонем масрафи нафт, газ ва зуғолсанги Русияро дар бозори дохилӣ афзоиш диҳем».

Раиси ҷумҳури Русия бо баёни ин ки кишвараш барномаҳои бузурге барои тақвият ва эмансозии системаҳои новбарӣ дорад, таъкид кард Амрико масъӯли афзоиши қимати манобеи энержӣ дар ҷаҳон аст.

Путин ҳамчунин изофа кард, ки имтиноъи кишварҳои ғарбӣ аз ҳамкории оддӣ бо Русия, аз ҷумла дар робита бо манобеи энержӣ, аз ҳам акнун ба кишварҳои Аврупо ва Амрико осеб расонда аст.

Пеш аз ин, “Ҷозеф Боррел” масъӯли сиёсати хориҷии Иттиҳодия Аврупо гуфта буд роҳбурди коҳиши вобастагӣ ба манобеи энержии Русия ниёзманди замон аст.

Кишварҳои ғарбӣ ба сардамдории Амрико аз замони оғози амалиёти низомии вижаи Русия дар минтақаи Донбасс таҳримҳои густардаеро алайҳи Маскав эъмол карда ва талош доштаанд то бо коҳиши вобастагии худ ба воридоти манобеи энержӣ аз Русия, шомили нафту газ, маҳдудиятҳоеро низ бар ин ҳавза алайҳи Русия эъмол кунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки нашрияи Амрикоӣ “Paltico”, дар таҳлилн ба қалами “Райан Хит” бо баёни ин ки Путин дар ҳоли «баранда шудан дар ҷанги иқтисодии» ғарб алайҳи Русия аст, тавзеҳ дод: «бо муқоисаи даромадҳои гази Русия аз хати лӯлаи интиқоли газ, метавон дарёфт, ки содирот дар ҳоли афзоиш ва бо қиматҳои бисёр болотар аз соли гузашта аст».

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад