Маскав: Ҳар василаи НАТО, ки дар Украина ҳаракат кунад, ҳадафи мо мешавад

Муовини вазири хориҷаи Русия таҳдид кард, ҳар василаи мутаъаллиқ ба НАТО, ки дар Украина ҳаракат кунад, ҳадафи қонунии низомиёни русӣ хоҳад буд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, баъд аз афзоиши ҳаҷми таслеҳоти ирсолӣ тавассути Амрико ва Созмони Паймони Атлантики шимолӣ (НАТО) ба Украина, Маскав ҳам дар бораи ҳадаф қрордодни НАТО дар Украина ҳушдор дод.

“Олег Сиро Молотов”, муовини вазири умури хориҷаи Русия имрӯз (чаҳоршанбе) гуфт: «бо тамоми талошҳои Амрико ва ғарб барои кунд кардани амалиёти низомӣ дар Украина муқобила хоҳем кард».

Олег Сиро Молотов дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Спутник” тавзеҳ дод: «талоши ғарб барои коҳиши суръати амалиёти низомӣ дар Украина ва осеб расондан ба воҳидҳои Русияро ба шиддат саркуб хоҳем кард».

Вай таъкид кард: «ҳар василаи ҳамлу нақли мутаъаллиқ ба НАТО, ки силоҳро дар дохили хоки Украина ҳамл мекунад,аҳдофи қонунӣ аст».

Ба навиштаи Спутник, муовини вазири умури хориҷаи Русия изҳор дошт: «Маскав таҳдиди тероризми шимиёӣ тавассути миллигароён ва артиши Украинаро бисёр воқеӣ медонад».

Пеш аз ин низ, муовини намояндаи Русия дар Созмони Милал бо ҳушдор дар бораи эҳтимоли танишзои ҷадиди Украина дар Одесса, гуфта буд неруҳои Украина бо либосҳои низомии русӣ ба теъдоди зиёде дар ин шаҳр дида шудаанд.

Ёдовар мешавад, ки дар 24 феврал, Русия дар посух ба дархости кӯмак аз сӯи ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганск (ҷудои талабони шарқи Украина), амалиёти низомии худро дар Украина оғоз кард. Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия таъкид кард, ки «ғайри низомисозӣ ва нозӣ зудоӣ» аз аҳдофи калидии ин амалиёт аст. Маскав борҳо таъкид карда, ки ҳеҷ барномае барои ишғоли Украина надорад ва таъкид мекунад, ки неруҳои мусаллаҳи Русия фақат зерсохтҳои низомии Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд. Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш, аз ҷумла Ҷопон, бо эъмоли таҳримҳои ҷомеъ алайҳи Русия ба иқдоми Маскав вокуниш нишон доданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад