Кишвар мутлақан муаттали музокирот нашавад

Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон асри сешанбе дар дидори масъулону коргузорони низом ҳамаи масоили кишварро қатъан қобили ҳал хонданд ва бо табйини абъоди мухталифи шиори сол, таъкид карданд: Манзумаи қудрати ҷумҳурии исломӣ ва дастовардҳои гуногуни он дар бахшҳои мухталиф, Эронро ба улгӯе ҷаззоб барои миллатҳо табдил кардааст ва ноумед кардани мардуму илқои ҳисси бунбаст, ҷафо ба мардум ва инқилоб аст.

Сайид Алӣ Хоманаи Раҳбари ҶИЭ бо тамҷид аз бедориву таҳаррукоти ҷавонони фаластинӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ гуфтанд: Ин таҳаррукот нишон дод, Фаластин бар хилофи талоши Амрико ва пайравонаш зинда аст ва ба фазли илоҳӣ пирӯзии ниҳоӣ аз они мардуми Фаластин хоҳад буд.

Ишон дар ибтидои суханонашон ва дар баёни тавсияҳои маънавӣ, бо истинод ба оёти қуръонӣ, дуову истиғфорро ҳамроҳ бо нияти содиқона, муҷиби сафову таҳорати рӯҳӣ ва ҷалби раҳмати илоҳӣ дар зиндагии фардӣ ва ҳамчунин дар майдонҳои милливу арсаҳои бузурги иҷтимоӣ хонданд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ масъулият дар низоми исломиро ба маънои мавриди суол будан баршумурданд ва афзуданд: Дар низомҳои сиёсии ҷаҳон масъулон мавриди суоли мардум ҳастанд, аммо дар низоми исломӣ масъулон илова бар мардум, дар маърази суолу бозхостҳои муҳимтару сангинтари Худованд низ ҳастанд.

Ишон бо ибрози хурсандӣ аз ҳузури густардаи ҷавонон дар маҷмуаи мудириятии низом, ҳамаи масъулонро ба муроқибати комил аз ду осеби муҳим, яъне «ғурур» ва «инфиъол» фаро хонданд ва афзуданд: Ғурур ба хотири посту мақом, муваффақиятҳо, ғарра шудан ба лутфи Парвардигор ва ҳар маншаи дигаре «талиъаи шикаст» ва «муқаддамаи суқути дарунӣ ва иҷтимоиву корӣ» – и инсон хоҳад буд ва бо эҷоди таваҳҳуму бузургбинӣ, фарди масъулро аз мардум дур мекунад.

Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон осеби дувумро «инфиъол» баршумурданд ва гуфтанд: Инфиъол ба маънои эҳсоси бунбаст дар умур, нуқтаи муқобили ғурур ва хатарнок аст, ки душманон талош доранд бо равишҳои гуногун онро дар ҷомеа ва дар миёни масъулон илқо кунанд, ки албатта бар асоси ваъдаи тахаллуфнопазири илоҳӣ роҳи муқобила бо ин тарроҳии душман «сабр» ва «тақво» аст. Сабр, яъне хаста нашудан ва аз майдон хориҷ нашудан ва тақво низ, яъне муроқиби ҳаракати худу душман будан.

Сайид Алӣ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки доираи тақво васеъ аст ва дар ҳавзаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисод, дипломатияву амният маънои хоси худро дорад, гуфтанд: Имрӯз ноумед кардани мардум ва илқои ҳисси бунбаст дар ҷомеа ҷафо ба мардум, кишвар ва инқилоб аст.

Ишон афзуданд: Бо вуҷуди мавориди манфӣ дар иқтисод, дар ҳамин ҳавза низ нишонаҳои муваффақият вуҷуд дорад, ки як намунаи он тобоварии иқтисоди кишвар дар баробари таҳримҳои бесобиқа аст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ расидан ба худкифоӣ дар бархе маворид, аз ҷумла тавлиди шаш навъ воксани корона, бидиҳии хориҷии наздик ба сифри кишвар ва пешрафтҳои илмиву санъатӣ ва фанноварӣ дар ҳавзаҳои мухталифро нишонаҳои дигар муваффақият баршумурданд ва хотирнишон карданд: Як намунаи дигар аз муваффақиятҳо пеш рафтани саҳеҳу равони ҷараёни мудирияти кишвар аст ва бар хилофи бархе кишварҳои дигар ва бо вуҷуди ҳамаи душманиҳо, мудирияти кишвар ба сурати қонунӣ ва бидуни ниёз ба иқдомоти хориҷ аз ривол даст ба даст шудааст.

Ишон гуфтанд: Ин дастовардҳову мавориди дигаре ҳамчун густариши умқи роҳбурдӣ ва нуфузи маънавии Эрон дар минтақа, ҷумҳурии исломиро ба як намунаи ҷаззоб табдил кардааст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: Душман бар асоси тамаъварзиҳои худ ҳарфҳои яъсовариро баён мекунад, ки қаблан ҳам аз ин гуна матолиб баён мешуд, аммо нодурустии ҳамаи он матолиб баъдҳо ба исбот расид, монанди суханони Саддом ҳангоми оғози ҷанги таҳмилӣ ва ваъдаи фатҳи якҳафтаии Теҳрон ва ё суханони чанд соли қабли як далқаки амрикоӣ, ки гуфта буд: Кристмасро дар Теҳрон ҷашн мегирем.

Раҳбари ҶИЭ таъкид карданд: Ин ки амрикоиҳои мағрур сареҳан эътироф мекунанд, ки фишори ҳаддиаксарии алайҳи Эрон шикасти хиффатбор хурда, мавзуи бисёр муҳиме аст, ки набояд фаромӯш шавад.

Сайид Алӣ Хоманаӣ дар бахши дигаре аз суханонашон ва дар баёни нукоте дар бораи шиори сол, бо ишора ба баъзе дидгоҳҳои матраҳшуда дар бораи носозгории ду хусусияти «донишбунёнӣ» ва «иштиғолофаринӣ» гуфтанд: Ин ҳарф дуруст аст, ки бо пешрафти фанноварӣ, ниёз ба неруи инсонӣ камтар мешавад, аммо ин матлаб дар бораи шароити кишвари мо, ки зарфиятҳои таътил ё ниматаътили зиёде дар бахшҳои пойиндаст дорад, содиқ нест ва бо донишбунён кардани тавлид дар ин бахшҳо, фурсатҳои шуғлӣ низ чандбаробар мешавад.

Раҳбари ҶИЭ бо таъкид бар ин ки тавсеаи ширкатҳои донишбунён бояд бар асоси авлавиятҳо ва бо ниёзсанҷӣ бар мабнои гиреҳкушоӣ аз масоили кишвар бошад, гуфтанд: Ширкатҳои донишбунён дар бахшҳое ҳамчун бахши кишоварзӣ тавсеа ёбанд, ки амнияти иқтисодии кишвар вобаста ба онҳост, зарфияти ҷазби неруҳои мутахассису ғайришоғил дар онҳо боло аст ва ё бахшҳое монанди нафту газу маодин, ки бо хомфурӯшӣ, манобеи арзишманди кишварро бидуни арзиши афзуда содир мекунанд.

Ишон дар ин замина афзуданд: Мутаасифона маводи хом дар кишвар бо қимати арзон содир ва маҳсули ниҳоӣ бо қимати гарон ворид мешавад, дар ҳоле ки бо тавлиди донишбунён бояд ин раванд ислоҳ ва маҳсули ниҳоӣ тавлид ва содир шавад.

Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо таъкид бар ҳимояти давлат аз ширкатҳои донишбунён гуфтанд: Давлат бузургтарин масрафкунанда дар кишвар аст ва мисдоқи комили ҳимояти воқеии давлат аз донишбунёнҳо, ҷилавгирӣ аз воридоти беравия аст.

Раҳбари ҶИЭ таҳияи барномаи ҳафтуми тавсеаро зарурӣ хонданд ва афзуданд: Ин барнома қарор буд соли гузашта тадвин ва аз имсол иҷроӣ шавад, ки нашуд, аммо имсол давлат ва маҷлис ҳиммат кунанд то барномаи ҳафтум бар асоси сиёсатҳои куллии низом таҳия ва тасвиб шавад.

Ишон мардумӣ будан ва муҳимтар аз он мардумӣ монданро аз вижагиҳои лозими ҳар масъули низоми исломӣ хонданд ва гуфтанд: Дидан ё шунидани воқеиёт дар майдон заминасози барномарезӣ ва иқдомоти саҳеҳ хоҳад буд.

Сайид Алӣ Хоманаӣ Хоманаӣ дар ҳамин замина афзуданд: Гоҳе мардуми одӣ нукотеро ба масъул мегӯянд, ки аз мушовирони коркуштаву наздик ҳам шунида намешавад. Ишон бо ибрози нохурсандӣ аз иҷро нашудан сиёсатҳои куллии асли 44 таъкид карданд: Давлат метавонад бо таҳаққуқи ин сиёсатҳо иқтисоди кишварро бар дӯши мардум қарор диҳад ва худ ба сиёсатгузорӣ, назорат ва ҳидоят бипардозад то ҳалли мушкилот шитоб бигирад.

Раҳбари ҶИЭ бо ишора ба кишварҳое, ки бидуни нафт аз рушди иқтисодӣ бархурдоранд, афзуданд: Нафт ҳудуди сад сол аст, ки ҳамчун моддае мухаддир, эътиёди сахте дар кишвар эҷод карда, ки бояд ҳатман илоҷ шавад.

Ишон иқтисоди бидуни нафтро ҳадафе баландмуддат хонданд ва афзуданд: Ҳаддиақал ду давлат дар масъулиятҳои ҳаштсола бояд ҳиммат кунанд то ин мушкил ба сомон бирасад, албатта агар ҳамон рӯзе, ки иқтисоди бидуни нафтро матраҳ кардем, иҷрои он шуруъ мешуд, имрӯз кишвар вазъи мутафовите дошт.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба эҳтимолоте, ки дар бораи бархе кушоишҳои арзӣ матраҳ мешавад, гуфтанд: Муроқиб бошем, агар эҳтимолан кушоише эҷод шуд, даромадҳо сарфи воридоти беравия нашавад ва ба масоили зербиноӣ, аз ҷумла ҳамлунақли ҷодаӣ ва рейлӣ, ширкатҳои донишбунён, навсозии саноеъ, роҳҳои иртиботӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва ҳалли мушкили муҳими об ихтисос ёбад, ки хушбахтона давлат дар масъалаи об корҳои хубе оғоз карда, аммо ҳалли ин мушкил ба пул ниёз дорад.

Раҳбари ҶИЭ Шурои иқтисодии сарони қувворо фурсате муҳим барои тасмимгириҳои лозим донистанд ва гуфтанд: Ин шуро дар давлати қабл ва бо чанд дастури кори муҳим, аз ҷумла ислоҳи сохтори буҷет, ҳалли масъалаи бонкӣ ва мудирияти муқобила бо таҳримҳо ташкил шуд, ки се қувва бо ҳамкорӣ ва самимияти комиле, ки доранд, бояд аз ин зарфият истифода кунанд.

Раҳбари ҶИЭ Сайид Алӣ Хоманаӣ масъалаи фарҳангро бисёр муҳиму ниёзманди муҷоҳидати ҳушмандона баршумурданд ва гуфтанд: Марокизи расмии фарҳангӣ ва ҳамчунин фаъолони фарҳангӣ, ки ба ёрии Худо дар сатҳи густарда машғули фаъолиятанд, фарҳангу илмро комилан ҷиддӣ бигиранд ва бо чашмони боз ба фаъолияти шабонарӯзӣ ва муҷоҳидона дар ин замина бипардозанд.

Оятуллоҳ Хоминаӣ бо ишора ба ҷиҳатгирии хуби дипломатияи кишвар таъкид карданд: Масъулон мутлақан муаттали масъалаи ҳастаӣ нашаванд ва бар асоси воқеиёти кишвар ба барномарезӣ ва иқдом барои ҳалли мушкилот бипардозанд.

Ишон масъулони музокиротро инқилобӣ, мутадайин ва пурҷидду ҷаҳд хонданд ва афзуданд: Вазири умури хориҷа ва масъулони музокиракунанда гузоришҳои дақиқеро ба марокизи дохилӣ медиҳанд. Нақду изҳори назар дар бораи амалкарди онҳо ҳам эроде надорад, ба шарти ин ки аз сӯйи занну бадбинӣ ба дур бошаду ҳамчунон ки борҳо гуфтаам, муҷиби тазъифи аносири майдон ва ноумедии мардум нашавад.

Раҳбари ҶИЭ бо ибрози хурсандӣ аз муқовимати ҳайати музокиракунанда дар муқобили зӯргӯиҳову зиёдахоҳиҳо гуфтанд: Тарафи муқобил, ки бадаҳдӣ кард ва аз БарҶом хориҷ шуд, алъон эҳсоси дармондагӣ ва бунбаст мекунад, аммо низоми исломӣ, ки бо иттико ба мардум аз мушкилоти зиёде убур карда, аз ин марҳала ҳам убур хоҳад кард.

Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахши дигаре аз суханонашон бо тамҷид аз бедорӣ, таҳарруку талоши ҷавонони фаластинӣ дар сарзаминҳои 1948 ва дар маркази сарзаминҳои ишғолӣ афзуданд: Ин таҳаррукот нишон дод Фаластин бар хилофи талоши Амрико ва пайравонаш зинда аст ва ҳаргиз ба фаромӯшӣ супурда нахоҳад шуд ва бо идомаи таҳаррукоти ҷорӣ ва ба фазли илоҳӣ пирӯзии ниҳоӣ аз он мардуми Фаластин хоҳад буд.

Оятуллоҳ Хоминаӣ ҳамчунин бо тамҷид аз шуҷоати мардуми мазлуми Яман, дар тавсияе дилсӯзонаву хайрхоҳона ба масъулон саудӣ гуфтанд: Чаро ба ҷанге, ки медонед эҳтимоли пирӯзӣ дар онро надоред, идома медиҳед? Роҳе пайдо кунед ва худро аз ин маърака хориҷ кунед.

Ишон оташбаси ахир дар Яманро хеле хуб хонданд ва афзуданд: Агар ин тавофуқ ба маънои воқеии калима иҷро шавад, метавонад идома ёбад ва бидуни тардид мардуми Яман ба баракати ҳиммат, шуҷоат ва ибтикори амали худ ва раҳбаронашон пирӯзанд ва Худованд ҳам ба ин мардуми мазлум кумак хоҳад кард.

Сайид Алӣ Хоманаӣ дар тавсияҳои поёнӣ ба масъулони кишвар гуфтанд: Фурсати масъулият бисёр зудгузар аст ва ҳар соати онро қадр бидонед.

Тавсияи дувуми Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон парҳез аз иқдомоти намоишӣ буд.

Ишон ҳамчунин афзуданд: Таорузи манофеъ, ки ҳама дар мазаммати он сухан мегӯянд, фақат дар арсаи иқтисод нест ва агар дар мавзуе миёни тавваҷуҳи мардум ба мо ва риояти масолеҳи умумии кишвар таорузе пеш ояд, бояд манфиати худро нодида бигирем ва ба масолеҳи умумӣ тавваҷуҳ кунем.

Тавсия ба давлату маҷлис барои риояти хутути фосил ва амал кардан дар ҳитаи вазоифу ихтиёрот, охирин тавсияи Раҳбари инқилоб ба масъулони кишвар буд.

Дар ибтидои ин дидор, призденти Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ, гуфтумони давлатро гуфтумони инқилоби исломӣ бо таъкид бар муаллафаҳои мардумӣ будан, адолатхоҳӣ ва таҳаввулгароӣ баршумурд ва гуфт: Санади таҳаввули давлат бо ҳамфикрии ҷамъи зиёде аз соҳибназарон омода ва мунташир шуд.

Раисҷумҳури Эрон “иқдому амал” – ро муҳимтар аз барнома донисту афзуд: Бо таъмини густардаи воксан ва ҳамкории ҳамаи мардум, бо тағйири маҳсуси шароит, касбу корҳо муҷаддадан равнақ гирифт ва имсол сафарҳои наврӯзӣ ҷаҳиши зиёде дошт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад