Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин

Раисони ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Русия Владимир Путин тайи тамоси телефонӣ бо табрики 30 -юмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ байни ду кишвар, дар бораи мавзуҳои муҳими минтақаӣ гуфтугӯ карданд.

Раисони ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Русия Владимир Путин тайи тамоси телефонӣ бо табрики 30 -юмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ байни ду кишвар, дар бораи мавзуҳои муҳими минтақаӣ гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши манбаъ : 

Дар тамоси телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин роҷеъ ба равобити дуҷониба, авзои сиёсии ҷаҳон ва минтақа ва масоили Афғонистон баҳсу табодули назар шуд.

Дар ин тамоси телефонӣ таъкид шуд, ки тайи се даҳаи гузашта Тоҷикистон ва Русия ба натоиҷи қобили таваҷҷуҳе дар тавсеаву тақвияти равобити дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобили судманд дар чорчӯби мушорикати роҳбурдӣ даст ёфтаанд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки Федератсияи Русия шарики тиҷориву иқтисодии умдаи Тоҷикистон аст ва ду кишвар ба таври муассире дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷиноёти созмонёфтаи фаромиллӣ ва дар ҳавзаҳои низомиву интизомӣ – фаннӣ ҳамкориҳоиҳои роҳбурдӣ доранд.

Владимир Путин низ бо роҳбурдӣ хондани равобити Тоҷикистон ва Русия, хостори густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар тамоми заминаҳо шуд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 27 декабр дар шаҳри Санкт-Петербург дар ҳошияи вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот кард.

Тавре ки Ховар хабар медиҳад, дар ҷараёни вохурӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар сатҳи шарикии стратегӣ ва дар чаҳорчуби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти имрӯзаро имкони хуби баррасии дурнамои ҳамкории ду кишвар маънидод карданд.

Аз вазъи феълии робитаҳои дуҷониба, рушди бемайлони муносибатҳо, сатҳи ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ ва ҳаҷми гардиши мол байни ду давлат, ки дар соли 2021 беш аз 1 млрд долларро ташкил медиҳад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ барои баҳрабардорӣ аз имкониятҳои фарох дар соҳаҳои металлургия, истихроҷи маъданҳои куҳӣ, сохтмон, тандурустӣ, фармасевтӣ ва дигар самтҳои бахши иқтисодӣ, табодули андеша намуданд.

Дар рафти мулоқот ба масъалаи таъсиси Шӯро оид ба ҷалби сармояи мустақими Русия ба иқтисодӣ Тоҷикистон ҷиҳати фаъолгардонии ҳамкории сармоягузорӣ ва тақвият бахшидани кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баҳри мусоидат ба ин раванд, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Масъалаҳои рушду таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, илму маориф, фарҳанг ва тандурустӣ аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд, ки ҷонибҳо оид ба пешрафти онҳо андешаронӣ карданд.

Дар мулоқот сарони давлатҳо ҳамчунин авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа, вазъи мураккаби гуманитарии кишвари Афғонистон, ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.

Дар охири мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аз Владимир Путин даъват ба амал овард, ки дар вақти барояш муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад