ПМТ ва маҳкумияти шадиди ҳукми Шоҳида Маҳмадҷонова

Паймони Миллии Тоҷикистон ПМТ ҳукми зиндони Шоҳида Маҳмадҷоноваро  шадидан маҳкум карда, аз ҷомеъаи даъват кард дар муқобили чунин зулми сукут накунанд.

Паймони Миллии Тоҷикистон ПМТ ҳукми зиндони Шоҳида Маҳмадҷоноваро  шадидан маҳкум карда, аз ҷомеъаи даъват кард дар муқобили чунин зулми сукут накунанд.

Дар баёния омадааст :

Ин ҳукм “баёнгари ин аст, ки мақомоти кишвар на танҳо ба қонун, балки ба арзишҳои милливу инсонӣ низ заррае эҳтиром қоил нестанд”.

Матни пурраи баёнияи Паймони Миллии Тоҷикистон дар ин хусус ба шакли зер аст:

Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) ба 6 соли зиндон маҳкум шудани Шоҳида Маҳмадҷоноваро амали комилан ғайриқонунӣ ва хилофи ҳама меъёрҳои ҳуқуқибашарӣ дониста, онро шадидан маҳкум мекунад.

Боздошти худсарона ва ғайриқонуни Ш. Маҳмадҷонова ба муддати беш аз 72 соат бидуни қарори додгоҳ, ҳамчунин маълумот надодан аз сарнавишти ӯ ба наздиконаш ва ҳоло бо иттиҳоми навиштани ду коммент дар шабакаи иҷтимоӣ, вале дар асл ба хотири фаъолияти расонаии фарзандаш ба муддати 6 сол аз озодӣ маҳрум кардани ин модари 45-сола, баёнгари ин аст, ки мақомоти кишвар на танҳо ба қонун, балки ба арзишҳои милливу инсонӣ низ заррае эҳтиром қоил нестанд.

ПМТ аз ҷомеаи кишвар ба хусус зиёиён ва бонувон, даъват мекунад, ки дар баробари ин қонуншикании ошкор ва амали ғайриинсонӣ сукут ихтиёр накунанд ва нагузорем, ки як модари бегуноҳ ба хотири амалҳои фарзандаш муҷозот шавад. Зеро, ин ҳолат метавонад фардо ба сари ҳар шаҳрванд биояд.

Ҳамчунин ПМТ аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ва созмонҳои ҳимоят аз ҳуқуқи занон талаб менамояд, ки бо ҳар роҳи мумкин барои озодии Шоҳида Маҳмадҷонова талош намоянд ва нагузоранд, ки муҷозоти модарон ба ҷои фарзандон ба як анъана табдил шуда, амали машрӯъ дониста шавад.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шоҳида Маҳмадҷонова, модари 45-солаи Шерзод Маҳмадҷонов, ки бо номи “Абдураҳмон 09” дар хориҷ аз Тоҷикистон блогерӣ мекунад, ба 6 соли зиндон маҳкум кард.

Пештар намояндаи додситонӣ ё айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хоста буд, ки ӯро 7 сол маҳкум ба зиндон кунанд.

Шоҳида Маҳмадҷонова ба ҳукми додгоҳ ҳеч вокунише накард ва танҳо дар посухи суоли додрас гуфт, “мазмуни ҳукм фаҳмо аст.” Вакили дифои Маҳмадҷонова пас аз поёни мурофиа гуфт, аз ин ҳукм ба зинаи болоии додгоҳ шикоят мебаранд. Шерзод Маҳмадҷонов қарори додгоҳро “говсуд” номид.

Нахустин мурофиаи Маҳмадҷонова субҳи 7-уми апрел дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор шуд. Додгоҳ чанд соат баъд ҳукмашро дар нисбати ӯ эълон кард.

Писари ин зан Шерзод Маҳмадҷонов, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи “Абдураҳмон 09” фаъол аст, аз Олмон барнома пахш карда, мақомотро дар заминаи сатру ҳиҷоб танқид мекард.

Шерзод Маҳмадҷонов рӯзи 7-уми апрел баъд аз эълони ҳукм гуфт, пештар мақомот ба ӯ таҳдид карданд, ки ӯро аз Аврупо ба Тоҷикистон оварда, зиндонӣ мекунанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад