Нишасти гурӯҳи кории Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ оиди Афғонистон

Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон аз баргузори нишасти гурӯҳи кории Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар заминаи Афғонистон ба шакли маҷозӣ хабар дод.

Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон аз баргузори нишасти гурӯҳи кории Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар заминаи Афғонистон ба шакли маҷозӣ хабар дод.

Нишасти гурӯҳи кории вобаста ба шӯрои вазирони умури хориҷаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар умури Афғонистон дар қолаби видеоконфронс барпо шуд.

Дар ин ҷаласа намояндагони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва ҳамчунин маркази минтақаии дипломосии пешгиронаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Осиёи Марказӣ, маркази зидди террористии ҷомеаи Ҳамсуд, хадамоти ҳамоҳангкунандаи фармондеҳони неруҳои марзбонии Ҳамсуд, сохтори зидди минтақаии Созмони Ҳамкории Шангхай ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ширкат карданд.

Ширкаткунандагони ин иҷлос дар мавриди вазъият дар Афғонистон табодули назар намуда ва тааҳҳуди муштараки худ ба таомули фаъол ва тавсеаи рӯйкардҳои муштарак дар ҷиҳати Афғонистонро иброз доштанд.

Талъат Колиев, фиристодаи вежаи Вазорати умури хориҷаи Қазоқистони зимни суханонб дар ин нишасти гурӯҳи кории Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба саҳмт қобилт таваҷҷуҳт кишвараш дар талошҳои байналмтлплб барои тасбитт вазъият дар Афғонистон бо ҳадафи таъмини амнияти минтақа ишора кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад