Шоҳида М. модари блогери тоҷик ба 6 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шоҳида Маҳмадҷонова, модари 45-солаи Шерзод Маҳмадҷонов, ки бо номи "Абдураҳмон 09" дар хориҷ аз Тоҷикистон блогерӣ мекунад, ба 6 соли зиндон маҳкум кард.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шоҳида Маҳмадҷонова, модари 45-солаи Шерзод Маҳмадҷонов, ки бо номи “Абдураҳмон 09” дар хориҷ аз Тоҷикистон блогерӣ мекунад, ба 6 соли зиндон маҳкум кард.

Пештар намояндаи додситонӣ ё айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хоста буд, ки ӯро 7 сол маҳкум ба зиндон кунанд.

Шоҳида Маҳмадҷонова ба ҳукми додгоҳ ҳеч вокунише накард ва танҳо дар посухи суоли додрас гуфт, “мазмуни ҳукм фаҳмо аст.” Вакили дифои Маҳмадҷонова пас аз поёни мурофиа гуфт, аз ин ҳукм ба зинаи болоии додгоҳ шикоят мебаранд. Шерзод Маҳмадҷонов қарори додгоҳро “говсуд” номид.

Нахустин мурофиаи Маҳмадҷонова субҳи 7-уми апрел дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор шуд. Додгоҳ чанд соат баъд ҳукмашро дар нисбати ӯ эълон кард.

Писари ин зан Шерзод Маҳмадҷонов, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи “Абдураҳмон 09” фаъол аст, аз Олмон барнома пахш карда, мақомотро дар заминаи сатру ҳиҷоб танқид мекард.

Шерзод Маҳмадҷонов рӯзи 7-уми апрел баъд аз эълони ҳукм гуфт, пештар мақомот ба ӯ таҳдид карданд, ки ӯро аз Аврупо ба Тоҷикистон оварда, зиндонӣ мекунанд.

Вай гуфт :

“Маро ба Тоҷикистон бурда натавонистанд, аммо дар ваъдаашон истоданд. Модарамро говсуд карданд. Ҳафтаи гузашта гуфтанд, ки модарам ба ҳамкорӣ бо “Гуруҳи 24” муттаҳам аст, аммо имрӯз маълум шуд, ки танҳо барои дигарандешӣ модарамро дохили зиндон карданд. Акнун дар оянда ҳар тоҷике, ки андеша, фикр ва ақидааш аз ақидаи ҳукумат фарқият дорад пас ҷояш метавонад то 7 сол дохили зиндон бошад ”.

Ин блогери тоҷик ҳамчунин гуфт, зиндонӣ шудани модари ӯ як далели дигарест, ки дар Тоҷикистон барои ибрози ақида дар шабакаҳои иҷтимоӣ шахс метавонад зиндонӣ шавад.

Додситон дар ин мурофиа Маҳмадҷоноваро ба он муттаҳам кард, ки аз ақидаҳои созмонҳои дар Тоҷикистон мамнуи “Гурӯҳи 24” ва Наҳзати исломӣ тарафдорӣ кардааст. Ба гуфтаи додситон, Шоҳида Маҳмадҷонова дар “Ютуб” дар зери наворҳои писараш “Абдураҳмон 09” ва ҳам як навори “Ислоҳ+” муқобили сохтори давлатӣ дар Тоҷикистон шарҳ навиштааст.

Тибқи иттилои дарёфтӣ, Шоҳида Маҳмадҷонова гӯиё баъди моҳи майи соли 2021 ду бор дар “Ютуб” комментҳои зидди ҳукуматӣ навиштааст. Аз ҷумла, як шарҳи ӯ дар рӯзи президент навишта шудааст ва дар он ӯ дар нисбати раҳбарияти олии кишвар ҳарфҳои таҳқиромез гуфтааст.

Шоҳида Маҳмадҷонова дар мурофиаи додгоҳӣ гуфт, ки “худро гунаҳкор ҳисоб мекунад ва аз кардааш пушаймон аст”. Маълум нест, ки ин эътирофро ӯ ихтиёрӣ кардааст ё зери фишор.

Шоҳида Маҳмадҷонова афзуд, ки моҳи июни соли 2021 бародарашро, ки дар як қисми низомӣ кор мекард, аз кор барканор карданд. Наздиконаш ба Маҳмадҷонова гуфтаанд, ки бародараша ба хотири хоҳарзодааш “Абдураҳмон 09” аз кор озод шудааст.

Ӯ дар додгоҳ гуфт, ки вақте ба манзили модараш омад ва аҳволи бародарашро дид, худро гунаҳкор ҳисоб кард. Вай ҳамчунин афзуд, ки дар оғози соли таҳсили 2021, вақте дид, ки бародараш дар хариди либосҳои мактабӣ барои фарзандонаш мушкилӣ дорад, асабонӣ шуд ва ин ду шарҳро дар “Ютуб” навишт.

Вакили дифои Шоҳида Муҳаммадҷонова аз додгоҳ хост, ки бо назардошти пушаймон будани зерҳимояти ӯ, нисбаташ ҷазои ғайриҳабсӣ татбиқ шавад.

Мухолифони ҳукумати Тоҷикистон боздошти Шоҳида Маҳмадҷоноваро роҳи фишор ба дигарандешон номиданд. Наздикони Маҳмадҷонова ҳам бовар доранд, ки ӯро ба хотири танқидҳои писараш зиндонӣ кардаанд. Мақомот чунин арзёбиро ҳамеша рад кардаанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад