Интизор дорем амалиёт дар Украина ба зудӣ такмил шавад

Сухангӯи раёсати ҷумҳурии Русия бо баёни ин ки густариши НАТО, амният ё саботе барои Аврупо ба армағон намеоварад, иддаоҳои Украина дар бораи ҳамлаи мушакӣ ба ғайринизомиён дар истгоҳи роҳи оҳанро рад кард.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Дмитрий Песков”, сухангӯи раёсати ҷумҳурии Русия имрӯз (ҷумъа) гуфт: Маскав интизор дорад, ки амалиёти низомии вижа дар Украина ба зудӣ такмил шавад.

Дмитрий Песков тайи нишасти хабарии рӯзона дар Кремлин, дар бораи эҳтимоли таҳрими зуғолсанги Русия тавассути Аврупо гуфт: «агар иттиҳодияи Аврупо онро канор бигузорад, Русия захоири зуғолсангро ба бозорҳои ҷойгузин ҳидоят хоҳад кард, аммо тақозо барои он то кунун боло аст».

Ба навиштаи хабаргузории “Спутник”, вай бо интиқоди муҷаддад аз сиёсатҳои тавсеа талабонаи созмони Паймони Атлантики шимолӣ (НАТО), тавзеҳ дод: «ҳар гуна густариши НАТО, амният ва саботро ба ҳамроҳ нахоҳад дошт».

Сухангӯи Кремлин дар посух ба суоле дар бораи замони поёни ҷанг дар Украина, изҳор дошт: «Русия интизор дорад амалиёти вижа дар Украинаро ба зудӣ такмил кунад».

Дмитрий Песков ҳамчунин дар вокуниш ба иддаои Украина дар бораи ҳамлаи мушакӣ ба як истгоҳи қатор дар ин кишвар низ гуфт: «мӯшаки мавриди истифода барои бомбаборони истгоҳи Краматурск дар ихтиёри неруҳои русӣ набуд».

Пеш аз ин, вазорати дифои Русия низ изҳороти Киев дар мавриди ҳамлаи мушакии иддаоӣ имрӯз ба истгоҳи роҳи оҳани Краматурскро рад карда ва хабар дод маркази омӯзиш ва таҷаммуъи неруҳои хориҷӣ дар ҷануби Украинаро бо мӯшакҳои нуқтаи зан нобуд карда аст.

Русия дар таърихи 24 феврал амалиёти низомии вижаи худро дар Украина оғоз кард. Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия ҳадафи ин амалиётро «ҳимоят аз афроде ки ба муддати ҳашт сол мавриди қулдурӣ ва насл кушии режими Киев қарор гирифтаанд», унвон кард.

Ба гуфтаи вай, барои ин манзур, барномарезӣ шуда аст, ки «халъи силоҳ ва ғайринизомисозии Украина» анҷом шавад, то ҳамаи ҷинояткорони ҷангӣ, ки масъӯли «ҷиноятҳои хунин алайҳи ғайринизомиён» дар минтақаи Донбасс ҳастанд, ба дасти адолат супурда шаванд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад