Амрико: Наметавонем Русияро аз шӯрои Амният ихроҷ кунем

Линда Томас Гринфилд, сафири Амрико дар Созмон Милали Муттаҳид мегуяд, узвияти Русия дар шӯрои Амният, воқеияти тғирнопзир аст.

 

Линда Томас Гринфилд, сафири Амрико дар Созмон Милали Муттаҳид мегуяд, узвияти Русия дар шӯрои Амният, воқеияти тғирнопзир аст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Линда Томас Гринфилд”, намояндаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид, дар мусоҳиба бо “MSNBC” таъкид кард, ки имкони ихроҷи Русия аз шӯрои Амният вуҷуд надорад.

Вай дар ин бора гуфт: шӯрои Амният маҳсули эҷоди Созмони Милали Муттаҳид баъд аз ҷанги ҷаҳонии дувум буд. Русҳо узве аз шӯрои Амният ҳастанд ва ин як воқеият аст. Мо наметавонем ин воқеиятро тағйир диҳем.

Изҳороти Линда Томас Гринфилд баъд аз он эрод шуд, ки Владимир Зеленский раиси ҷумҳури Украина дар суҳбатҳои худ хитоб ба шӯрои Амният, хостори мунҳал шудани ин шӯро ё ихроҷи Русия аз он шуд!

Владимир Зеленский, дар ҳамроҳӣ бо ғарб, Русияро ба иртикоби ҷинояти ҷангӣ дар шаҳри “Бочаи” Украина муттаҳам мекунад – иддаое ки ба сароҳат аз сӯи Маскав рад шуда, то онҷо ки мегуяд ин навъи саҳнасозӣ барои коршиканӣ дар масири музокироти сулҳ аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад