Имрон Хон, сарвазири Покистон аз мақомаш барканор шуд

Бар асоси баёнияи раёсатҷумҳурии Покистон, Имрон Аҳмад Хон то замони таъини сарвазири нав дар ҷойгоҳи сарвазирӣ ба кори ва вазифаи худ идома хоҳад дод.

Дар пайи рӯйдодҳои ахири Покистон, Имрон Хон, сарвазири ин кишвар пас аз пароканда шудани порлумони ин кишвар аз мақоми нахуствазирӣ барканор шуд.

Бар асоси баёнияи дастгоҳи раёсатҷумҳурии Покистон, Имрон Хон то замони таъини сарвазири нав дар ҷойгоҳи сарвазирӣ ба кори ва вазифаи худ идома хоҳад дод.

Дар хабари Девони Вазирони ин кишвар чунин гуфта шудааст: «Дар натиҷаи пароканда кардани Маҷлиси Миллӣ аз ҷониби президенти Покистон, тибқи моддаи 58 (1) дар якҷоягӣ бо моддаи 48 (1)-и Сарқонуни Ҷумҳурии Исломии Покистон, Имрон Аҳмадхон Ниёзӣ фавран вазифаи сарвазири Покистонро қатъ намояд».

Дар баробари ин чунон ки раисҷумҳури Покистон Ориф Алавӣ гуфт, Хон то таъйин шудани сарвазири муваққат дар ин вазифа боқӣ мемонад.

Раисҷумҳури Покистон дар Twitter навиштааст: «Имрон Аҳмад Хон Ниёзӣ то замони таъйини нахуствазири муваққат, тибқи моддаи 224 А(4)-и Қонуни асосии Ҷумҳурии Исломии Покистон нахуствазир боқӣ мемонад».

Рӯзи якшанбе раиси Ҷумҳурии Покистон бо пешниҳоди Имрон Хон порлумони ин кишварро пароканда кард. Ин дар ҳолест, ки Қосим Сурӣ, муовини раиси порлумон раъйи нобоварӣ ба нахуствазирро рад кард ва онро хилофи моддаи 5-уми Конститутсияи ин кишвар хонд.

Тасмими лағви раъйи нобоварӣ аҳзоби мухолифро хашмгин кард, ки гуфтаанд, аз ин тасмим ба додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.

Ба гуфтаи Фаррух Ҳабиб, вазири иттилоот ва радио, интихоботи нави порлумонӣ дар Покистон пас аз 90 рӯз баргузор мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки Имрон Хон 69 сол дошта, аз 2018 мақоми сарвазирии Покистонро ба зимма дошт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад