Оғоз ба кори шабакаи нави телевизионӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон аз рӯзи аввали моҳи апрели соли ҷорӣ шабакаи нави телевизионӣ, мавсум ба “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” фаъолияти худро оғоз кард.

Дар Тоҷикистон аз рӯзи аввали моҳи апрели соли ҷорӣ шабакаи нави телевизионӣ, мавсум ба “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” фаъолияти худро оғоз кард.

Ба гузориши манбаъ : 

ҳадаф аз роҳандозии ин шабакаи нави телевизионӣ муаррифии ҷозибаҳои гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон унвон шудааст.

Ҳамчунин иттилоърасонӣ ба мардуми Тоҷикистон аз рӯйдодҳои муҳими ҷаҳонгардӣ, ташвиқи ҷаҳонгардони хориҷӣ барои сафар ба Тоҷикистон, барномаҳои саёҳат ба манотиқи мухталифи ҷаҳон, кумак ба рушди саноати дастӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз дигар аҳдофи ин телевизион мебошад.

Гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 14 шабакаи давлатии телевизионӣ, беш аз 80 телевизионҳои хусусӣ ва студияҳои забти барномаҳои савтиву тасвирӣ фаъолият мекунанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

шабакаи ҷадид бар пояи шабакаи телевизиони дохилӣ “Уз репорт” эҷод хоҳад шуд.

Ин шабака “Уз репорт верд” ном хоҳад дошт ва дар мавриди Узбакистон барномаҳо ва филмҳои мустанад пахш мекунад.

Мухотабони хориҷӣ пас аз роҳандозии ин шабакаи телевизионӣ метавонанд дар мавриди таърих, фарҳанг, ҷозибаҳои гардишгарӣ, ғизоҳои миллӣ, сунан ва ҳамчунин шахсиятҳои маъруфи Узбакистон иттилооти бештаре касб кунанд.

Ин шабакаи телевизионӣ, то феврали соли 2020 мелодӣ роҳандози мешавад.

Ҳамчунин давлат барнома резӣ мекунад ба таблиғи гардишгари Узбакистон дар хориҷ аз кишвар таваҷҷуҳи бештар кунад ва дар мавриди ин кишвар дар “Нию-Йорк”, “Лондон” ва “Токио” таблиғоти густурдае анҷом диҳад.

Тайи 5 сол ахир дар Узбакистон даҳҳо шабакаи телевизиони ҷадид монанди “Маҳалла”, “Маданият ва маърифат”, “Оилаи вай”, “Диёр”, “Болаҷон” ва “Уз репорт ТВ” роҳандози шудааст.

Илова бар ин, аз аввали сентябри соли ҷории мелодӣ дар ин кишвар шабакаи ҷадиди “Таърихи Узбакистон” роҳандози мешавад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад