Иқтисоди ҷаҳонӣ набояд ҳамчун силоҳ истифода шавад

Раисиҷумҳури Чин гуфт, ки сохтори иқтисоди ҷаҳонӣ кайҳо боз бо талошҳои ҳама кишварҳо шакл гирифтааст ва набояд ҳамчун силоҳ истифода шавад ва ё сиёсӣ карда шавад

Си Ҷинпин, президенти Чин рӯзи ҷумъа дар як нишасти видеоӣ бо мақомоти Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, ки сохтори кунунии иқтисоди ҷаҳонӣ чаҳорчӯбаест, ки бо талошҳои тамоми кишварҳои ҷаҳон дар тӯли солҳои зиёд шакл гирифтааст.

Ӯ гуфтааст: “Ҳамаи ҷонибҳо бояд ин дастовардҳоро гиромӣ доранд, наметавон носанҷида ба низоми кунунии иқтисодии ҷаҳонӣ зарба зад”.

Ба гуфтаи президенти чин, табдили иқтисод ба фишангҳои сиёсӣ ва ё силоҳ боиси ба вуҷуд омадани буҳронҳои ҷиддӣ дар бахшҳои молия, тиҷорат, энергетика, илм, технология , саноат ва хӯрокворӣ ва ғайра хоҳад шуд
Ӯ афзудааст, ки Чин ва Иттиҳодияи Аврупо бояд барои ҷилавгирӣ аз густариши паёмадҳои манфии бӯҳрони Украина, ба вижа ба иқтисоди ҷаҳонӣ талош кунанд.

Дар ин мулоқот Чарлз Мишел, комиссари Иттиҳодияи Аврупо, Урсула фон дер Лайн, комиссари Иттиҳодияи Аврупо, Ҷозеф Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва Ли Кетсян, нахуствазири Чин ширкат карданд.
Ӯ ҳамзамон дар бораи буҳрони Украина бо изҳори таасуф гуфтааст, ки кишварҳои сеюм вазифадоранд ба раванди музокироти Русия ва Украина кумак кунанд, на балки бӯҳронро ташдид накунанд.

Ӯ таъкид намуд: “Ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд ба фароҳам овардани шароит барои раванди музокира миёни Русия ва Украина идома диҳад, фазо барои як ҳалли сиёсӣ пайдо кунад, аммо ба оташ равған нарезад ва ихтилофҳоро ташдид накунад”.

Вай афзуд, ҳоло Пекин ва Брюссел бояд ҳама корро анҷом диҳанд, то аз густариши бӯҳрон ва аз тахриби пояҳои иқтисоди ҷаҳонӣ ҷилавгирӣ кунанд.
Раисиҷумҳури Чин гуфт: “Набояд тамоми ҷаҳонро ба ин масъала кашид, илова бар ин, наметавон мардуми оддии тамоми кишварҳои ҷаҳонро маҷбур сохт, ки барои он баҳои баланд пардозанд”.
Ба гуфтаи ӯ, агар вазъ бадтар шавад, барои барқарор кардани иқтисоди ҷаҳонӣ шояд “солҳо ва ҳатто даҳсолаҳо” лозим шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад