Музокирот бо Украина то кунун дастоварди чашмгире надошта аст

Сухангӯи Кох Кремлин гуфт, музокироти Русия ва Украина дастоварди чашмгире надошта ва пас аз ҳузури ду тараф дар Истанбул барномае барои дидори руасои ҷумҳури ду кишвар вуҷуд нахоҳад дошт.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Дмитрий Песков” сухангӯи раёсати ҷумҳурии Русия рӯзи душанбе гуфт, музокироти Маскав ва Украина то кунун дастоварди чашмгире надошта аст.

Ба навиштаи хабаргузории “Спутник”, Дмитрий Песков гуфт, баъид аст намояндагони Русия ва Украина имрӯз дар Истанбул бар сари мизи музокира биншинанд, аммо мумкин аст ин дидор рӯзи сешанбе анҷом шавад.

Ӯ бо ишора ба ин ки тасмим барои музокираи мустақим, худ амри бо аҳамият аст гуфт, ҳайатҳои музокиракунанда имрӯз (душанбе) вориди Истанбул мешаванд.

Ин мақоми русӣ дар идома таъкид кард, пас аз музокироти Истанбул, дидор миёни руасои ҷумҳури ду кишвар дар дастурикор қарор надорад.

Сухангӯи Кохи Кремлин ҳамчунин изҳороти “Ҷо Байден”,  раиси ҷумҳури Амрико алайҳ “Владимир Путин”, ҳамтои рус  вайро «нигаронкунанда» тавсиф кард.

Песков дар идома гуфт: «Мо ба поиши дақиқи изҳороти раиси ҷумҳури Илоти Муттаҳидаи Амрико, идома медиҳем. Мо ин изҳоротро ба диққат забт карда ва ба ин кор идома хоҳем дод».

Байден рӯзи шанбе хостори барканории Путин аз қудрат шуда буд, ки тайи ду рӯзи гузашта вокунишҳои густардаеро байни мақомот ва расонаҳои мухталифи ҷаҳон муҷиб шуда аст.

Пеш аз ин низ Байден ҳамтои русии худро «ҷинояткори ҷангӣ» хитоб карда буд ва Песков дар вокунише ҳушдор дод иддаоҳои раиси ҷумҳури Амрико дар ҳоли табдил шудан ба тавҳинҳои шахсӣ ҳастанд.

Пас аз гузашти як моҳ аз даргириҳои Украина, дафтари “Раҷаб Тайиб Эрдуғон” раиси ҷумҳури Туркия эълом кард, ӯ дар тамоси телефонӣ бо ҳамтои русии худ ба аҳамияти оташбас байни Русия ва Украина, иҷрои сулҳ ва беҳбуди шароити башардӯстона дар минтақа ишора кард.

Дар ин баёния омада аст: «онҳо тавофуқ карданд, ки даври баъдии музокироти кумитаи сулҳ байни Украина ва Русия дар Истанбул баргузор шавад».

Дар ҳамин росто хабаргузории “Ройтерс”, ба нақл аз як мақоми аршади Туркия навишт, ин музокирот эҳтимолан рӯзи душанбе дар Истанбул анҷом хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад