Дидори Сироҷиддини Муҳриддин бо Имрон Хон

Дар дидори вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддини Муҳриддин бо мақоми олии Покистон, Имрон Хон бар зарурати тавсеаи ҳамкориҳои ҷомеъ миёни ду кишвар таъкид шуд.

Дар дидори вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддини Муҳриддин бо мақоми олии Покистон, Имрон Хон бар зарурати тавсеаи ҳамкориҳои ҷомеъ миёни ду кишвар таъкид шуд.

Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар ҳошияи чиҳилуҳаштумин нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ бо мақомоти Покистон дидор ва дар хусуси тавсеаи ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар заминаҳои мухталиф баҳсу табодули назар кард.

Муҳриддин зимни дидор бо Имрон Хон, нахуствазири Покистон дар мавриди вазъияти мавҷуди ҳамкориҳо миёни Душанбе ва Исломобод ва роҳкорҳои беҳбуду тавсеаи он гуфтугӯ кард.

Ду тараф ҳамчунин дар мавриди амнияти минтақаӣ низ табодули назар карданд.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон тайи дидор бо Шоҳмаҳмуди Қурайшӣ, ҳамтои покистонии худ, илова бар равобити дуҷониба, ҳамчунин дар хусуси ҳамкориҳои ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ, ба вижа Созмони Ҳамкории Исломӣ гуфтугӯ карданд.

Муҳриддин ва Қурайшӣ чигунагии иҷрои тавофуқоти ҳосилшуда дар чорчӯби сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли гузаштаи мелодӣ ба Покистонро низ мурур карданд.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти ёдшуда ҳамчунин бо Файсал бин Фарҳон бин Абдуллоҳ оли Сауд, вазири умури хориҷаи Арабистони Саудӣ, Руслан Қазоқбоев, вазири умури хориҷаи Қирғизистон,  Узро Зиё, муовини вазири умури хориҷаи Амрико мулоқот ва дар мавриди равобиту ҳамкориҳои дуҷонибаву минтақаӣ табодули назар кард.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Муовиноҳои вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Покистон дар тамоси телефонӣ вазъияти феълии равобити ду кишварро баррасӣ карданд.

Фарҳод Салим, муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон ва Суҳайл Маҳмуд, муовини вазири хориҷаи Покистон дар тамоси телефонӣ гуфтугӯ карданд. Муовиноҳои вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Покистон дар тамоси телефонӣ вазъияти феълии равобити ду кишварро баррасӣ карда ва дар бораи чиҳлуҳаштумин ҷаласаи шӯрои вазирони хориҷаи Созмони ҳамкории исломӣ табодули назар карданд.

Дар рафти ин тамоси телефонӣ, вазъияти феълӣ ва чашмандози равобити ду кишвар масоили умдаи минтақаӣ барарсӣ шуд ва ба тавсеаи равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмӣ, фаннӣ, фарҳангӣ ва гардишгарӣ байни Тоҷикистон ва Покистон таъкид гардид.

Тарафайн дар бахши дигаре дар бораи чиҳлуҳаштумин ҷаласаи шӯрои вазирони хориҷаи Созмони ҳамкории исломӣ, ки 22-23 моҳи март ба мизбонии Покистон дар Исломободи ин кишвар баргузор мешавад, табодули назар карданд.

Ҳамчунин Шараф Шералӣзода, яке дигар аз муовинҳо вазири хориҷаи Тоҷикистон бо Касандра Кулбар, раиси минтақаии ширкати молии байналмилалии гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дидор карда ва дар бораи фаъолияти ширкати мазкур дар қаламрави ин кишвар, раванди татбиқи тарҳҳои муштарак, густариши ҳамкориҳои баъдӣ дар заминаи гардишгарӣ, насоҷӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва дигар масоили муҳим барои ду тараф баҳту табодули афкор карданд.

Музаффар Ҳусайнзода, муовини аввали Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳам дар навбати худ бо Мулугито Зивди, раиси намояндагии комиссиряи олии паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид дидору гуфтугӯ кард.

Дар ҷараёни ин мулоқот, ки бо дархости намояндаи Созмони Милали Муттаҳид шакл гирифт, абъоди муҳими ҳамкории тарафайн, аз ҷумла кумак ба паноҳандагон ва дигар масоили мавриди алоқаи дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тоҷикистон дар соли охир вазъияту муносибати худро талош дорад, ки дар арсаи ҷаҳонӣ рӯ ба беҳбудӣ барад ва ин нишастҳо дар ҳамин ҷиҳат мебошад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад