Сиёсати Амрико барои инзивои “Русия” шикаст мехӯрад

Сухангӯи Кохи Кремлин бо дархост аз Амрико барои тавзеҳ дар бораи иртиботи писари раиси ҷумҳури ин кишвар бо озмоишҳои биологӣ дар Украина, гуфт давраи самимонаи равобити Русия ва НАТО ба поён расида аст.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Дмитрий Песков”, сухангӯи раёсати ҷумҳурии Русия имрӯз (ҷумъа) хостори тавзеҳи Амрико дар бораи иртиботи “Хантер Байден” писари раиси ҷумҳури ин кишвар бо озмоишгоҳҳои биологӣ дар Украина шуд.

Дмитрий Песков, тайи нишасти хабарӣ дар Кремлин гуфт: «Амрико ба талошҳои худ барои мунзавӣ кардани Русия идома медиҳад, аммо ин сиёсат бо шикаст мувоҷеҳ хоҳад шуд ва ба натиҷа намерасад».

Ба навиштаи хабаргузории “Спутник”, вай изҳор дошт: «Русия хостори тавзеҳ дар бораи дахолати писари Байден дар кори озмоишгоҳҳои биологӣ дар Украина аст».

Сухангӯи Кремлин тавзеҳ дод: «вазорати дифои Русия дар ҳоли тадоруки тадобире барои тақвияти ҷабҳаи ғарбӣ дар пас заминаи таҳаррукоти НАТО аст. Нато ба унвони абзоре барои руёрӯӣ эҷод шуд ва ҳануз ҳам ин вазифаро анҷом медиҳад ва кори дигаре барои он таъриф нашуда аст».

Дмитрий Песков идома дод: «суҳбат дар мавриди ояндаи музокирот дар мавриди тазминҳои амниятӣ зуд аст. Воқеият тағйир карда аст ва ниёз ба арзёбии муҷаддад аст. Давраи ошиқонаи равобити Русия ва НАТО ба поён расида аст».

Вай дар мавриди дархост барои ҳазфи Русия аз гуруҳи 20 низ гуфт: «Русия дар сӯрати имкон ҳозир ба ширкат хоҳад буд ва дар ғайри ин сӯрат ҳеҷ чизи кушандае вуҷуд нахоҳад дошт».

Пеш аз ин, вазорати дифои Русия видёе аз шиллики мӯшаки болистики тактикии “Искандар”, ки ба пойгоҳи неруҳои хориҷӣ дар Украина исобат кардро мунташир намуд.

Дар 24 феврал, Русия дар посух ба дархости кӯмак аз сӯи ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганск (ҷудои талабони шарқи Украина), амалиёти низомии худро дар Украина оғоз кард. Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия таъкид кард, ки «ғайри низомисозӣ ва нозӣ зудоӣ» аз аҳдофи калидии ин амалиёт аст. Маскав борҳо таъкид карда, ки ҳеҷ барномае барои ишғоли Украина надорад ва таъкид мекунад, ки неруҳои мусаллаҳи Русия фақат зерсохтҳои низомии Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд. Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш, аз ҷумла Ҷопон, бо эъмоли таҳримҳои ҷомеъ алайҳи Русия ба иқдоми Маскав вокуниш нишон доданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад