Қарори парлумон барои пешгирӣ аз амалҳои ғайриоинномавӣ дар артиши кишвар

Маҷлиси миллии Тоҷикистон додситони кулли кишварро музваззаф намуд, ки назорати риоияи қонунгузорӣ дар артиши ҷумҳуриро таҳким бахшад.

Ба нақл аз манобеи хабарӣ, Маҷлиси миллии Тоҷикистон додситони кулли кишварро музваззаф намуд, ки назорати риоияи қонунгузорӣ дар артиши ҷумҳуриро таҳким бахшад.

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии ҷумҳурӣ дастур дод, ки амалҳои ғайриоинномавӣ дар қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки боиси расондани зарари ҷисмонӣ ва фавти сабозон мегарданд, пешгирӣ шаванд .

Тибқи ин қарор, додситони кулли Тоҷикистон муваззаф шудааст, назорати риоя ва иҷрои қонунгузорӣ дар қувваҳои мусаллаҳ ва воҳидҳои ҳарбиро тақвият намояд.

Дар қарор таъкид шудааст: “Ҷиҳати пешгирии содиршавии кирдорҳои ҷиноятӣ ва амалҳои ғайриоинномавӣ, ки боиси расонидани зарари ҷисмонӣ ва фавти сарбозон мегарданд, чораҳои қатъӣ андешад”.

Ин дар ҳолест, сарусадо атрофи муносиботи ғайриоинномавӣ, ки баъзан бо ҷароҳату марги сарбозон меанҷоманд, аз омилҳои гурези ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ арзёбӣ мешавад.

Юсуф Раҳмон, дар гузориши ахираш ба парлумон гуфт, додситонҳо риояи қонунгузорӣ дар қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳуриро санҷида, ҳолатҳои қонуншиканиро ошкор кардаанд.
Додситон изҳор доштааст: “Қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ 720 бор санҷида шуда, аз натиҷаи онҳо 1490 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, 185 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардиданд”.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад