Чаро омӯзгорони Тоҷикистон тарки мактаб мекунанд ?

Намояндагон Вазорати маориф, коршиносон ва фаъолони ҷамъиятии Тоҷикистон чӣ назар доранд?

Намояндагон Вазорати маориф, коршиносон ва фаъолони ҷамъиятии Тоҷикистон чӣ назар доранд?

Дар мактабҳои Тоҷикистон омӯзгорон намерасанд. Омӯзгорони зиёд – аксаран ҷавонон – мактабҳояшонро тарк мекунанд ва ба дунболи пайдо кардани машғулиятҳои дигар мешаванд ё ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд.

Дар маҷмӯъ, тибқи маълумоти ахири Вазорати маориф ва илм, сарораси кишвар 2,1 ҳазор омӯзгор намерасад.

Аммо тавре, ки Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири акнун собиқи маориф ва илм дар нишасти хабарии ахири худ гуфта буд, ки ин раванд асло фоҷиа нест.

Воқеият чист? Ин як раванди табиӣ аст ё ин раванд метавонад ба фалокат оварда расонад? Чаро омӯзгорон мактабҳоро тарк мекунанд? Маоши онҳо чанд аст? Ва билохира чӣ бояд кард?

Дар шумораи нави ток-шоуи “Рости гап” мо бо ҳузури намояндаи Вазорати маориф ва илм, худи омӯзгорон ва шаҳрвандони фаъоли кишвар ин мушкилотро баррасӣ кардем!

Навори гуфтугуро инҷо мушоҳида фармоид :

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Вазорати маориф ва илм гуфт, ки кадом минтақаи Тоҷикистон ба омӯзгорони мактаб ниёзи ҷиддӣ дорад.

Дар як сол дар Тоҷикистон теъдоди омӯзгорон бештар шудааст, аммо камбуди кадрҳо дар таҳсилоти ибтидоӣ ҳанӯз ҳам тақрибан дар тамоми манотиқи кишвар эҳсос мешавад.

Дар ин бора Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илм дар нишасти хабарии солонаи ҳисоботияш хабар дод.

Вазир гуфт :

“Нарасидани омӯзгорон дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар соли таҳсили ҷорӣ беш аз 2,1 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба як соли қабл 828 нафар камтар аст”.

Сарфи назар аз беҳбуди вазъ дар масъалаи кадрҳо, ба гуфтаи ин ниҳод, норасоии шадиди кадрҳои омӯзгорӣ аз рӯи минтақаҳо дар соли таҳсили 2021-2022 ҳамчунон ба назар мерасад:

навоҳии тобеи марказ — 765;

вилояти Суғд – 708;

вилояти Хатлон – 440;

Душанбе — 194;

ВМКБ — 59.

Дар баробари ин, ба гуфтаи Муҳаммадюсуф Имомзода, танҳо соли қаблӣ омӯзгорон дар саросари Тоҷикистон аттестатсия шуда буданд. Дар он зиёда аз 29,8 хазор нафар аз муаллимон иштирок доштанд.

Қарор аст, беш аз 500 нафар аз омӯзгорон аз нав аттестатсия гузаранд.

Онҳое, ки аз имтиҳони қобилияти касбӣ нагузаштанд, 14 нафаранд. Ҳамаи онҳо аз кор озод карда шуданд.

Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ гуфт, тибқи дархостҳо, 4,3 ҳазор донишҷӯ барои кор дар мактабҳо роҳхат гирифтанд. Дар умум қариб 16 ҳазор нафар мактабҳои олии махсусро хатм кардаанд.

Тибқи омори вазорат, танҳо дар соли қаблӣ аз 140 ҳазор омӯзгор 593 нафар бо сабаби фавту беморӣ, 2228 иваз кардани ҷойи зист ва 1031 нафар бинобар нафақа аз ин низом дур шудаанд.

 

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад