Дастгирӣ ва тадбирҳои зиддибуҳронии бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон

Кишварҳои мададрасон аз бадшавии сатҳи зиндагӣ дар кишвар бар асари ҷанг дар Укроин ва таҳримҳо алайҳи Русия интизорӣ доранд.

Кишварҳои мададрасон аз бадшавии сатҳи зиндагӣ дар кишвар бар асари ҷанг дар Укроин ва таҳримҳо алайҳи Русия интизорӣ доранд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои сабук кардани оқибатҳои ногувор бар асари ҷанг дар Укроин ва таҳримҳо алайҳи Русия ба таҳияи нақшаи зиддибуҳронӣ оғоз намуд.

Дар ҷаласаи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузории назди президенти Тоҷикистон намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли дар ин робита изҳор намуд, ки Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ ҳукумати Тоҷикистонро бо бастаи тадбирҳои вокуниш ба буҳрон дастгирӣ мекунад.

Озан Севимли зикр кард, ки дар дастгирӣ ба ҷанбаҳои зерин таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд:

– ҳифзи қишри осебпазири ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷироне, ки бармегарданд ва оилаҳои онҳо тавассути низоми бехатарии иҷтимоӣ;

– дастгирии амнияти озуқаворӣ;

– баррасии қолабҳои сиёсати макроиқтисодӣ бо шумули идомаи муҳокимаи амалиёти дастгирии буҷет дар шароити буҳрон.

“Ҳарчанд барои коҳиш додани оқибатҳои бӯҳрон чораҳои фаврӣ заруранд, тақвияти устувории иқтисод ва мусоидат ба рушди бахши хусусӣ низ дар мадди аввал қарор доранд”, – таъкид дошт Севимли.

Ба ақидаи ӯ, бахусус устувории бахши молиявӣ, инчунин навъбандӣ (диверсификатсия)-и алоқаи рақамӣ ва алоқаи ҳавоӣ муҳим аст.

Ӯ бар ин назар аст, ки буҳрон бар асари ҷанг дар Укроин ва таҳримҳо алайҳи Русия робитаҳои муомилоти молу маҳсулот ва молиявиро дар сатҳи ҷаҳонӣ халалдор сохта, болои иқтисоди Тоҷикистон фишор меоранд.

Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ инро чунин шарҳ медиҳад, ки иқтисоди Тоҷикистон ба интиқоли пул, воридоти маводи ғизоӣ ва маводи сӯхт аз Русия вобаста боқӣ мемонад.

“Бар асари ин таъсир, мо аллакай дар Тоҷикистон бо болоравии қимати маводи сӯхт ва ғизоӣ ба далели боло рафтани арзиши ашёи хом дар ҷаҳон ва поин рафтани қурби асъор рӯбарӯ ҳастем”, – иброз дошт ӯ.

Дар хулоса Озан Севимли зикр кард, ки сатҳи зиндагии одамон бад мешавад, зеро қобилияти харидории хонаводаҳо паст шуда, ногузир ба қобилияти харидории аҳолӣ таъсир мерасонад.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Маблағҳои ихтисосии Бонки ҷаҳонӣ имкон медиҳанд, ки дарсади бештари аҳолӣ барои эмкунӣ бар зидди сирояти коронавирус фаро гирифта шаванд.

Мақомоти Тоҷикистон барои мубориза бо коронавирус 25 миллион мегиранд. Маблағҳои иловагӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ҷудо карда мешаванд, хабар медиҳад, бахши Душанбегии ташкилоти молӣ.

Маблағгузорӣ дар шакли грант барои вокунишҳои изтирорӣ ба пандемияи COVID-19 дар Тоҷикистон сурат мегирад.

Озан Севимли, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон гуфтааст, ки ин маблағ имкон медиҳад, ки дарсади бештари аҳолӣ барои эмкунӣ бар зидди сирояти коронавирус фаро гирифта шавад, ки ин ба иқтисоди кишвар имкон медиҳад, аз хисороти пандемияро барқарор кунад,.

Ӯ гуфт: “Сармоягузорӣ ба ваксина бар зидди COVID-19 барои Бонки ҷаҳонӣ авлавият дорад, зеро он як шарти ҳатмӣ барои бунёди иқтисоди устувор ва ҳаётӣ дар Тоҷикистон аст”.

Зимнан зикр мегардад, ки маблағгузории иловагӣ инчунин хароҷоти интиқоли ваксина, паҳнкунии он дар Тоҷикистон, хароҷоти маводи мавриди ниёз (сӯзандоруҳо, қуттиҳои муҳофизатӣ), тавсеаи системаи бақайдгирии электронии ваксинаҳо ва санҷишҳои COVID-19 ва чопи шаҳодатномаҳо барои эмшудаҳоро дар бар мегирад.

Инчунин барои хариди санҷишҳои COVID-19, таҷҳизоти иловагии муҳофизати инфиродӣ ва маводи истеъмолӣ, аз қабили доруворӣ ва дигар лавозимот барои беморхонаҳои гирифторони беморони COVID-19 дошта, дастгирӣ карда мешавад.

Илова бар ин, мақомот метавонанд фаъолияти иртибототии худро барои ҳалли масъалаи ваксинбезорон ва маълумоти бардурӯғ дар бораи пандемия густариш диҳанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад