Ҳушдори С.Ҷ.Б дар бораи авҷгирии дубораи Ковид – 19

Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳушдор дод, рафъи маҳдӯдиятҳои иҷтимоӣ, коҳиши риояти беҳдошти умумӣ ва нархи поини ваксинатсия мунҷар ба афзоиши омори ҷаҳонии мубталоён ба Ковид - 19 шудааст.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳушдор дод, рафъи маҳдӯдиятҳои иҷтимоӣ, коҳиши риояти беҳдошти умумӣ ва нархи поини ваксинатсия мунҷар ба афзоиши омори ҷаҳонии мубталоён ба Ковид – 19 шудааст.

Тедрос Аданом, раиси ин созмон низ гуфт, бо вуҷӯди коҳиши озмоишҳо шоҳиди афзоиши мавориди ибтило дар бархе аз кишварҳо ҳастем ва ин нишон медиҳад, ки омори ибтило танҳо саҳми ночизе аз воқеиятро мунъакис мекунад.

Мақомҳои ин созмон гуфтаанд, нархи поини ваксинатсия ношӣ аз ҳаҷми фаровони иттилооти дурӯғ дар бархе аз кишварҳо низ ба рушди дубораи корона кумак кардааст.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт зери навъи “BA.2” Омикронро муассиртарин снавъ аз ибтидои шуюи корона токунӯн медонад ва эълом карда, ки шавоҳиде дол бар шиддати бештари бемории ношӣ аз ибтило ба ин навъ дида нашуда ва дахолати навъҳои дигар дар авҷгирии мавҷи ҷадиди корона низ собит нашудааст.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

КОВИД-19 то имрӯз наздик ба 185 миллион нафарро мубтало кардааст, ки беш аз 4 миллион нафар фавтидаанд.

Бар асоси гузориши сайти “worldometers” то лаҳзаи хабар, 184 миллиону 941 ҳазору 888 нафар дар ҷаҳон ба КОВИД-19 мубтало шудаанд.

То ҳол бар асари ин вирус 4 миллиону 884 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Теъдоди 169 миллину 316 ҳазору 371 нафар тавонистаанд дар мубориза бо КОВИД-19 ғолиб омада ва саломатии худро ба даст оваранд.

Мутаассифона густариши коронавирус дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон дар ҳоли афзоиш аст ва мақомоти он кишварҳо саъй доранд, ки маҳдудиятҳоро дубора барқарор кунанд.

Дар Тоҷикистон ҳам тибқи эълони Вазорати тандурустӣ дар 24 соати гузашта бар асари ин вирус ду нафар фавтидаанд.

Аммо расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз авали мавҷи дувуми коронавирус дар Тоҷикистон дастикам аз 16 ҳолати марг аз ин вабои аср хабар доданд.

Ҳамчунин тайи як шабонурӯз 26 бемори нави коронавирус ошкор шуда, 17 кас шифо ёфтаанд.

Ҳамҷунин дар хабарҳо омада буд :

Ба ҷуз Қирғизистон, ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна бо шумули Тоҷикистон аз тарафи Маркази мубориза ва пешгирии бемориҳои ИМА (CDC) ба рӯйхати кишварҳое шомил шуданд, ки дар онҳо сатҳи хатари сироятёбӣ ба бемории коронавирус маълум нест.

Манбаъ менависад :

Қирғизистон ба феҳристи кишварҳое шомил шуд, ки хатари сирояти COVID-19 дар он ҷо камтар аст.

Гуфта мешавад, ки дар сурати ба ин рӯйхат шомил шудани кишварҳо, ба шаҳрвандони ИМА тавсия дода мешавад, ки аз сафар ба он ҷо худдорӣ намоянд.

Дар иттилоияе, ки Маркази мубориза ва пешгирии бемориҳои ИМА нашр кардааст гуфта мешавад, ки :

«Аз сафар ба ин кишвар худдорӣ кунед. Агар шумо маҷбур бошед то вориди ин кишвар гардед, пас бояд пурра ваксина бигиред».

Дар маҷмуъ ба ин феҳрист 39 кишвар ворид шудаанд, ки Камбоҷа, Куриёи Шимолӣ, Яман, Танзания, Тонго, Сурия ва ғайра шомили онанд.

Мақомоти тандурустии Тоҷикистон то кунун ба ин иқдоми мақомоти беҳдоштии ИМА посухе надодаанд.

Тоҷикистон мегӯяд, ки баъди хуруҷи дигарбораи коронавирус дар кишвар, пас аз ду моҳи номнавис нашудани гирифторӣ ба COVID-19, танҳо 15-уми октябр ду ҳолати сироятёбӣ сабти ном шудаасту халос.

Дар маҷмӯъ, аз аввали ҳамагирӣ то имрӯз  дар кишвар 17086 нафар гирифторони сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 16960 нафар  шифо ёфтаанд. Инчунин аз бемории мазкур 124 нафар шаҳрвандони мамлакат фавтидаанд.

Ҳамҷунин дар хабарҳо омада аст, ки :

Раиси идораи амнияти беҳдоштӣ ва бемориҳои сироятии Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки дар ин кишвар феълан тазриқи ваксина ба кӯдакон барномарезӣ нашудааст.

Ба гузориши сомонаи «Авесто», Наврӯз Ҷаъфаров гуфтааст, ки бар асоси барномаи ин вазорат дарёфти ваксинаи корона аз сӯи кӯдакон танҳо пас аз тазриқи ин ваксина ба 60 дарсад аз афроди болои 18 соли ҷомеа имконпазир хоҳад шуд.

Ба гуфтаи вай то 2 ноябри соли ҷорӣ ба 46,2 дарсад аз ҷамъияти болои 18 соли ин кишвар, ваксинаи корона тазриқ шуд, ки 2 миллиону 700 ҳазор нафарро шомил мешавад.

Аз ин теъдод 2 миллиону 155 ҳазор нафар дозам дуҷуми ваксинаи коронаро тазриқ карданд.

Дар Тоҷикистон ваксинаҳои «Спутник – V», «CoronaVac», «AstraZeneca», «Moderna Pfizer» воридотӣ, тазриқ мешавад.

Ҳамчунин Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки дар шабонарӯзи гузашта мавриди ҷадиди ибтило ба бемории Ковид – 19 дар кишвар шиносоӣ нашудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад