Таъкиди мақомоти Узбекистон ва Русия бар густариши ҳамкориҳои дуҷониба

Мақомоти аршади Узбекистон ва Русия дар нишасти шӯрои бозаргонии ду кишвар дар шаҳри "Маскав" бар густариши ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Батерҷон Асадов”, сафири Узбекистон дар Маскав ва “Максим Раштников” вазири тавсеаи иқтисодии Русия дар нишасти шӯрои бозаргонии ду кишвар бар густариши ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд.

Сафири Узбекистон дар Русия дар ин нишаст изҳор дошт, ки содироти колоҳои бо арзиши афзӯда дар афзоиши мубодилоти бозаргонии ду кишвари нақши қобили мулоҳизае ифо мекунад.

Вай ҳамчунин бар фаъолияти муваффақиятомез ва пурсамари камиссиюни байни давлатӣ ва шӯрои бозаргонии Узбекистон ва Русия низ таъкид кард.

Мақоми дипломати узбек идома дод: ҳамкориҳои байни минтақаӣ ба таври фаъол тавсеа меёбад ва мақомоти ду кишвар аз иҷрои тарҳҳои муштарак ба таври фаъол ҳимоят мекунанд.

Максим Раштников, низ дар ин нишаст гуфт: Узбекистон барои Русия як ҳамкори мутмаини иқтисодӣ аст. Муддатҳост, ки равобити дӯстона ва эҳтироми мутақобил ба якдигари ин ду кишварро пайванд медиҳад ва дар тақвияти ҳамкориҳои мо муассир буда аст.

Дар ин нишаст ҳамчунин тавсеаи беш аз пеши шӯрои бозаргонӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бозаргонӣ ва сармоягузории Узбекистон ва Русия низ баррасӣ шуд.

Русия яке аз бузургтарин ҳамкорони иқтисодӣ ва бозаргонӣ Узбекистон аст.

Мубодилоти бозаргонии ин ду кишвар дар соли 2021 милодӣ дар сатҳи 7 миллиард ва 517 миллион доллар қарор гирифта аст.

Дар ҳоли ҳозир дар Узбекистон беш аз 961 воҳид ширкати муштарак бо сармоягузории Русия фаъолият мекунанд. Дар Узбекистон намояндагии 64 ширкати Русия ба сабт расида аст.

Дар Русия низ беш аз 560 ширкат бо широкати сармоягузорони узбекӣ дар заминаҳои мухталиф фаъолият мекунанд.

Русия истиқлоли ин кишварро дар таърихи 20 марти соли 1992 милодӣ ба расмият шинохта ва дар ҳамин рӯз байни ин ду кишвар равобити дипломатик барқарор шуда аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад