Шарҳи додситони Тоҷикистон дар бораи созишнома бо Эрон

Мақомот мегӯянд, ягон шаҳрванди Тоҷикистон феълан дар Эрон зиндонӣ нест.

Мақомот мегӯянд, ягон шаҳрванди Тоҷикистон феълан дар Эрон зиндонӣ нест.

Мирзоамон Рофизода, ноиби додситони кулли Тоҷикистон, созишнома бо Эрон дар мавриди супоридани маҳкумшудагонро, ки ҳафтаи равон аз сӯи Маҷлиси намояндагон тасвиб шуд, тавзеҳ дод.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Рофизода овардааст, ки созишномаи Тоҷикистону Эрон дар бораи супоридани маҳкумшудагон имкон медиҳад, шахсе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ дар яке аз кишварҳо маҳкум шудааст, бо мақсади адои муҳлати боқимондаи ҷазо ба ватанаш интиқол дода шавад.

Ноиби додситони ҷумҳурӣ таъкид намудаст :

“Созишнома барои ҳимояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон зарур ва бамаврид мебошад”.

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи ӯ, дар зиндонҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ягон шаҳрванди Тоҷикис¬тон адои ҷазои ҷиноятӣ надорад.

Дар мавриди теъдоди зиндониёни эронӣ дар Тоҷикистон зикр шудаст, ки танҳо як нафар адои ҷазо дорад. Вакилони Маҷлиси намояндагон аз созишномаи мазкур ҷонибдорӣ намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки созишнома дар бораи супоридани маҳкумшудагон моҳи сентябри соли 2021 дар доираи нахустин сафари президенти феълии Эрон, Иброҳим Раисӣ имзо шуда буд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Додситонҳои кулли Тоҷикистону Эрон дар Маскав бо ҳам дидор ва дар бораи мавзуоти мавриди алоқаи дуҷониба гуфтугӯ карданд.

Муҳаммадҷаъфари Мунтазирӣ дар дидор бо Юсуф Раҳмон бар лузуми ҳамкории мунсаҷим миёни дастгоҳҳои додситонии ду кишвар дар мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта, иртиқои ҳамкории ду тараф дар парвандаҳои маданӣ, кайфарӣ ва тиҷорӣ аз тариқи мувофиқатномаи ҳамкории қазоии дуҷониба дар заминаи масоили ҳуқуқи башарӣ таъкид кард, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.

Бинобар иттилои манбаъ, додситони кулли Эрон, ки дар садри ҳайате ба Русия сафар кардааст, дар дидор бо Игор Краснов, додситони кулли Русия низ густариши ҳамкориҳои қазоӣ миёни ду кишварро хостор шудааст.

Ёдрас менамоем, ки додситони кулли Эрон барои ширкат дар маросими бузургдошти сесадумин соли ташкили додситонии Русия ба Маскав сафар кардааст.

Бояд қайд кард, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон 9 январи 1992 барқарор шуд.

Сафорати Эрон моҳи январи 1992 дар Душанбе ба фаъолият шуруъ намуд.

Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон моҳи июли 1995 ифтитоҳ гардид.

Байни ду кишвар зиёда аз 160 созишномаю тафоҳумнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Дар ҳамкории иқтисодии миёни ду кишвар Комиссияи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон нақши муҳим дорад ва то имрӯз 12 нишасти ин комиссия дар Душанбе ва Теҳрон баргузор шудааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад