Дмитрий Песков: Аз Чин кӯмак нахостем

Сухангӯи раёсати ҷумҳурии Русия мегуяд, артиши ин кишвар ирода ва тавони тасаллут бар шаҳрҳои аслии Украинаро дорад ва метавонад ба таври мустақил ва бидуни кӯмак гирифтан аз соири кишварҳо ба аҳдофи низомии худ бирасад.

 

Сухангӯи раёсати ҷумҳурии Русия мегуяд, артиши ин кишвар ирода ва тавони тасаллут бар шаҳрҳои аслии Украинаро дорад ва метавонад ба таври мустақил ва бидуни кӯмак гирифтан аз соири кишварҳо ба аҳдофи низомии худ бирасад.

Ба гузориши хабаргузории “Ройтерс”, “Дмитрий Песков”, сухангӯи Кохи Кремлин мегуяд, Русия тавонои онро дорад, ки кантроли шаҳрҳои аслии Украинаро ба даст оварад.

Вай ҳамчунин ба ғарб ҳушдор дод, ки Русия бе онки ниёзманди кӯмак гирифтан аз Чин бошад, аз тавони низомии кофӣ барои таҳаққуқи аҳдофи худ дар Украина бархӯрдор аст.

Дмитрий Песков, ҳамчунин афзуд, ки дар ҳоли ҳозири ҳам, ағлаби шаҳрҳои аслии Украина таслими неруҳои рус шудаанд ва мо он манотиқро дар кантроли комил дорем.

Изҳороти Дмитрий Песков, посухе аст ба шойиъоти ғарб мабнӣ бар таҳлил рафтани қувои низомии Русия ва ақаб афтодан аз ҷадвали замонии таъйин шуда барои гирифтани шаҳрҳои аслии Украина.

Ҳамзамон, вазорати хориҷаи Чин бо лаҳнии тунд ба иддаоҳои Амрико мабнӣ бар дархости кӯмаки низомии Русия аз давлати Пекин, вокуниш нишон дод.

Ба гуфтаи Чжао Лижиан сухангӯи вазорати хориҷаи Чин, сӯъи нияти Амрико бо ҳадафи нашри иттилооти бадхоҳона аст, ҳол онки Пекин аз ҳамон ибтидо бо иттихози мавзуъи мушаххас, нақши созанда дар пешбурди музокироти сулҳ ифо кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад